ДАСИСАВУ ЛОФЗАНИИ КАБИРӢ ВА МУҲАММАДИҚБОЛРО ШАДИДАН МАҲКУМ МЕНАМОЕМ !

Имрӯз возеҳу равшан мушоҳида мешавад, ки ҳадаф аз роҳандозӣ намудан ва таблиғи андешаҳои ботили ТТЭ ҲНИ, Гуруҳи -24 ва равияҳои ифротӣ ин ноором намудан ва рахна сохтан ба девори сулҳу субот, барҳам задани орзую омоли мардуми кишвар ва дар вазъияти ногувор гирифтор намудани  ҷомеа мебошад. Илова ба ин вазъи ҷаҳони имрӯза бо таъсири пандемияи бемории сироятии коронавирус “COVID-19″ боз ҳам душвортар ва мураккабтар гардидааст. Имрӯз, ҳатто кишварҳои мутараққии ҷаҳон, дар ҳолати вазнин ва муташанниҷ қарор гирифтаанд. Мо чунин вазъияти ташвишовари ин давлатҳои мутараққиро ҳар рӯз мебинему мешунавем. Ин мушкилоти вазъи ҷаҳонӣ низ ба сарзамини мо асар намуда, он камбудиҳое, ки дар дигар давлатҳои тараққикарда ҷой доранд, ба мо низ таъсири худро расонида истодаанд. Ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда, кишвари мо, таҳти роҳбари Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати мамалакат зина ба зина рушд намуда, баробари ин  мушкилоти ҷойдоштаро марҳила ба марҳила паси сар мекунад.

Мо доир ба фаъолияти зиддидавлатии М. Кабирӣ,М.Садриддин ва Б.Тағойзода ва дигар равияхои ифротӣ бо санаду далел борҳо бо мисолҳои зиёде навиштаем. Бояд гуфт, ки худи нуқтаи назари мухолифини дар хориҷбуда низ нисбати фаъолияти ин нохолаф ва мардуди ватан мухталиф аст. Масалан аз суханҳои яке аз фаъолони мухолифини тоҷик Д. Атовуллоев иқтибос меорем: “Тамоми кашмакашҳо, дасисаҳои пушти парда ва хусуматҳои мутақобил пас аз омадани Кабирӣ шурӯъ шуданд!…Ин шумо ҳастед, ки Аврупоро мисли Файзобод на танҳо ба чарогоҳ, балки ба оғилхона табдил додаед!” Ҳамзамон илова мекунад: “Ман ва тарафдоронам ҳаргиз бо ин мухолифин нахоҳем буд, чунки ин роҳ ба қарни гузашта аст! Ҳатто, фаъолони мухолифин низ фаъолияти М. Кабирӣ ва наздиконашро сахту ошкоро маҳкум менамоянд. Зеро мақсади онҳо Тоҷикистони ободу оромро ба майдони ҷангу низоъ, мисли Афғонистон, Ироқ ва Сурия табдил додан аст”. Вале  Кабирию Муҳаммадиқбол  то ҳол хулосабарӣ накарда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ боз дасисаву лоф заданро пеша кардаанд. Ин хиёнаткорон бар ивази чанд пайсаи хоҷагони хориҷии худ имону виҷдонашро ба боди фано супурда, ҳоло муваззаф шудаанд, ки пули гирифтаашро назди ҳоҷагонашон бо амалӣ  навбатиашон ҳисобарорӣ кунанд. Онҳо айни ҳол дар паи иҷрои супориши хоҷагони худ ҳар сухани дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, бар муқобили миллату Ватан, ба давлати тоҷикон хиёнатро раво медоранд.

Хулоса дасисаву лофзании  Кабирӣ ва  Муҳаммадиқболро шадидан маҳкум намуда, баробари ин қайд кардан зарур аст, ки мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои навбатии ин хоинони миллат бовар намекунанд ва бар зидди ин гуна хиёнаткору бадхоҳони миллат муборизаи беамон мебаранд, ки нақшаҳои ифроткоронаи онҳо амалӣ нагардад!

 

                  Ф.КОМИЛОВА ,

ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *