Мусаллам аст , ки бо ҳидояту роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба дастовардҳои беназир мушарраф шудем ва ҳамаи ин хушбахтӣ ва рангорангии ҳаёти ҷавонон аз баракати Сулҳу Ваҳдат аст. Вале мутаассифона гурӯҳҳое ҳастанд, ки ба ин сулҳу субот бо чашми ҳасад менигаранд ва мехоҳанд бо ҳадафҳои касифашон ҷомеаи суботёфтаи моро ба гирдоби нооромӣ ва бесуботӣ кашанд. Ин ҳолатро аз оинаи нилгуну шабакаи интернет ва маҷаллаҳо мехонем ва мушоҳида мекунем, ки ба равандҳои ифротӣ ҷавонони мо шомил шуда, чӣ бадбахтиҳои гӯшношунидро барои худ ва барои хонаводаи худ ба майдон овардаанд. Мо устодони донишкада барои худ лозим донистем, ки роҷеъ ба яке аз равияҳои номатлуби ҷомеа оид ба фаъолияти созмони терроритӣ бо номи «Гурӯхи 24» фикрамонро баён намоем. Аз суханрониҳои ивѓоангезонаи ин гурӯҳи таҳрибкор, ки тариқи шабакаи интернет садо дода истодааст, худро “адолатпарвару наҷобахши миллат”шуморида, акидаи экстремисти ва террористиро паҳн намуда истодаанд. Ҳар шахс аз диди воқеият ва адлу инсоф бояд дарк намояд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи дигар халқу миллатҳои маскуни он аз баракати сулҳу ваҳдат ба созандагиву ободонӣ машѓуланд. Дар ин роҳ заҳматҳои мондагори фарзанди ҷонфидои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки халқ ӯро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» эътироф кардааст, ба ҷаҳониён равшан намуддор аст. Бо ибораи дигар онҳо бояд доир ба дастовардҳои беназири Тоҷикистони соҳибистиқлол ва аз суханҳои шахсиятҳои барӯманди давлатҳои абаркудрат, ки хело бо смимияти афзун нисбати сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат,Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои сазовор додаанд, амиқулфикру андешасигол бошанд! Дар иртибот ба ин, ёдовар шудан бамаврид аст, ки собиқ Президенти Ҳиндустон марҳум Кочерил Раман Нараянан соли 2001 оид ба шахсияти Пешвои муаззами миллат чунин иброз дошта буд: “Моро кӯшишҳои хастагинопазири Ҷаноби Олӣ, Президент Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати барқарорсозии сулҳ, оштии миллӣ ва раванди созанда дар Тоҷикистон, ки ҷомеаи муосири озод месозад, ба ҳайрат гузошт. Боварӣ дорем, ки ин кӯшишҳои халқи боистеъдод ва меҳнатдӯсти Тоҷикистон самараи нек хоҳанд овард”.
Бо назардошти чунин андешаварзӣ, фикри сареҳу равшани шахсиятҳои шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ истиқболи ҳамаҷониба намуда, ҳамчунин тақозои онро дорем, кибе масълиати гурӯҳи зикршуда ҳам муҳити сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон пок ва рукнҳои давлатдории он қоиму барпо хоҳанд истод. Алҳол Тоҷикистони соҳибистиқлол ба пешниҳоду маслиҳатҳои ҳаргуна гурӯҳҳо ниёз надорад. Хулоса гуфтанием, ки ҷавонони тоҷик имрӯз бояд дар таҳкими Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ, дар ободонии Ватани азизамон собитқадам бошанд. Набояд фаромӯш кард,ки чун имрӯз он ҳама давраҳои вазнин паси сар шуданду ба ҳукми таърих даромаданд.Бо ифтихор метавон гуфт, ки халқи тоҷик таҳти сарварии фарзанди бузургаш, Пешвои тоҷикони ҷаҳон, сармеъмори сулҳ, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназиру сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб мегардад. Дар иртибот ба ин, мо, кулли омӯзгорон ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ҷавонону толибилмонро дар рӯҳияи худогоҳию худшиносӣ тарбия намуда, ба қадри ин сарзамини биҳиштосо, Истиқлолият ва неъмати бебаҳои он сулҳу Ваҳдат мерасем ва баҳри таҳкими пояҳои Ваҳдату Истиқлолияти давлати хеш минбаъд низ саҳм хоҳем гузошт.