Нестии абадии душманони миллатро хоҳонем!!!

Душманони зишткору зиштфикру зиштрафтори миллат дар хориҷа ва аз хориҷа бо рафтори тамоми маҳорату малакаи давоми солҳо аз муршидони хориҷи омӯхтаву азбаркардаашон азму субот доранд, ки ҳамчун гурӯхи ифротгар, бунёдгарони иртиҷоии, террористон ва думравони онҳо бо ҳар усулу восита тафаккури ҷомеаи ҷаҳонӣ ва миллату халқияти Тоҷикистонро нисбат ба роҳбарият ва ҳукумати кишвар тира намоянд.
Гурӯҳҳои сифатан номбурдашуда феълан риёкорона ва бидуни хиҷолат дар сатҳи чомеаи ҷаҳониву созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун ҷонибдору ҳомии хуқуқу башар оид ба адолати иҷтимоӣ дар кишварамон сухан меронад. Аҷабо, бинед онхоеро, ки солҳои тӯлонӣ бо дасиса қисми назарраси ҷомеаи кишварро гумроҳ кардаву бо моҷарову кашмакашу бесарусомони бародаркушӣ ва баяғмобарӣ ҳидоят намуда, ба миллату ватану дину мазҳаби худ хиёнат кардаанд, акнун мехоҳанд бо ҳамон рафтор афкори ҷомеи ҷаҳониро тира созанд.
Гурӯҳҳои сифатан зикргашта мехоҳанд пеш аз ҳама дар сатҳи байналмиллалӣ худ ва ҳаммаслаконашонро “муборизи роҳи озодиву ҳифзи ҳуқуқи мардуми Тоҷикистон” нишон диҳанд.
Аъзоёни ин гурӯҳҳо ҳангоми мусоҳибаҳо кӯшиш менамоянд, ки худро “ғамхори ҷомеаи мамлакат” ҷилвагар намуда, бештар оид ба мушкилот иҷтимоӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар кунанд ва онҳоро аз будаш калонтар нишон диҳанд. Ин аст технологияи сиёсии гурӯҳҳои зикргашта, ки ба хотири бадастовардани обрӯ дар байни омма амалӣ мегардад.
Мақсаду мароми баангезиш овардани эҳсоси тахассусмандии ҳомиёни ҳуқуқи башари аврупо тавассути бечоранолӣ кардану хаммаслакони худро “ҷабрдидаву мазлум” нишон додан ин ҷабҳаи тактикии рафтори гурӯҳҳои зикршуда аст.
Онҳо ҳаргиз ба мавҷудияти ҳеҷ арзише болотар аз манфиатҳои мазҳабиву гурӯҳиашон қоил набуданд ва нахоҳанд буд ва ҳар гох дар бораи мардумисолориву демократия ва ҳуқуқу озодиҳои мардуми Тоҷикистон сухан ронда, аслан риё меварзанду дурӯғ мегуянд, зеро ҳаргиз афроди мазҳабии мутассибу бунёдгаро наметавонанд сидқан ҷонибдори мардумсолорию демократия ва озодагиву озодандешӣ бошанд.
Гуруҳҳои номбаршуда, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, феълан низ ба хотири ба даст овардани маблағҳои муфт ба дасисокориву фитнаангезӣ машғуланд ва бар зидди мардуми Тоҷикистон фаъолияти таблиғотию иттилоотӣ бурда, арзишҳои миллиро дар маърази созмонҳои байнамиллали поймол месозанд.
Рафтору кирдорҳои бесамари экстремистон, фундаменталистон, террористон на фақат дар сатҳи байналмилалӣ, балки дар сатҳи дохилӣ низ наметавонад фазои ақидавӣ ва афкори ҷомеаи моро тагйир диҳад.
Мардуми ватанпарасти мо дар муддати солҳои пур за нишебу фарози истиқлолият бо дарки хештаншиносӣ ва огоҳии сиёсӣ борҳо бо чунин гирудорҳои сиёсӣ бархӯрд кардаву паёмадҳои чунин фитнагариҳоро оянданигарона дарк мекунанд.
Бино бар ин сиёсати меҳанпарастонаву саъю талошҳои бунёдкоронаи ҳокимияти кунинии кишварро садоқатмандона ҷонибдорӣ карда, ҳеҷ гоҳ ба ҳангомаҷӯёни манфиатҷӯи дохиливу сарпарастони хориҷиашон фурсату имкон нахоҳад дод, ки дигарбора вазъияти сиёсиро дар кишвар ба тирагӣ кашанд.
Имрӯз терроризм ва экстримизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Солҳои охир мушкилиҳое, ки ҷомеаи муосирро фаро гирифтаанд, экстремизм, фундаментализм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошанд.
Абдуллоев Ғ., дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва технологиҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *