¶ 1
Leave a comment on paragraph 1 0
Рӯз аз рӯз технолгияҳои муосир ба ҳаёти ҷомеаи ҷавони тоҷик ворид шуда истодааст, ки ин равияро ҷавонони мо хуш пазируфта аз паи омӯхтан ва аз худ намудани технологияҳои муосир гашта, бо ҳамин як дараҷа ба ҷаҳонишавӣ қадамҳои устувор гузошта шуда истодааст. Асосан ҷавонони мо рӯ ба шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта, ҷаҳонишавиро дарк менамоянд. Дар баробари доштани дониш ва маҳорати истифодабарии технологияҳои муосир ҷавонони мо дониш ва маърифати кофии диниву дунявӣ побанди яке аз зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир – терроризм мегарданд. Аз нодонӣ ва маърифати пасти ҳуқуқии ҷавонон базе афроди носолим, ба монанди ТЭТ ҲНИ аз шабакаи иҷтимоӣ истифода бурда, мекӯшанд, ки дар ҷавонон идеяи нопок паҳн намуда, бо ин роҳ мафкураи тозаи онҳоро олудаи ақидаҳои зидди ахлоқиву ҷамъиятӣ ва шомили ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ намоянд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки қисмати зиёди ҷомеаи моро ҷавонон ташкил намуда, онҳоро нерӯи пешбаранда ва такондиҳандаи ҷомеа мегӯянд. Аз ин нуқтаи назар ҳангоми бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ гурӯҳҳои ифротгаро кӯшиши таъсири зиёд расонидан ба мафкураи ҷавонон менамоянд.
Аз ҳамин лиҳоз, бо назардошти гуфтаҳои дар боло зикршуда мо омӯзгоронро зарур аст, ки баҳри дигаргунсозии сохти ҷамъият, иқтисодиёт, вайронсозии мафкура бо усулҳои гуногуни террористӣ бурда мешавад, корҳои фаҳмондадиҳиро дар дарсҳои тарбиявӣ гузаронида, муаммоҳои ҷойдоштаро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор диҳем.
Мақсаду мароми ҳар як омӯзгор тарбияи фарди бонангу номус, ватандӯст, аз ҷиҳати сиёсӣ зирак ва дар ин асно баҳри нигоҳ доштани фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, гирфтани пеши роҳи паҳншавии ғояҳои носолими ТЭТ ҲНИ аст.