МО БОЯД БА ҚАДРИ СУЛҲУ ОСОИШ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАСЕМ!

Мо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва барномаи телевизиони маҳаллӣ ва сатҳи ҷумҳуриявӣ доир ба рӯйдодаи ҷомеаи имрӯза бархурдор ҳастем. Ин навбат роҷеъ ба масоили вокуниши собиқ раиси ВМКБ Ёдгор Файзов оид ба ҳодисаи рузҳои 25 – 28 ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғ, ки тариқи видофилм, таҳти унвони “Нерӯи қонун” намоиш дода шуд, ибрози андеша менамоем. Воқеан дар филми мазкур аз ҷониби ҳуқуқшиносу шоҳидон, аз ҷумла вокуниш аз тарафи собиқ раиси вилояти Бадахшон оид ба ҳодисаҳои дар шаҳри Хорӯғ руйдода, тибқи наворҳо бо далели амиқ шарҳ дода шуданд. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки собиқ раиси вилоят Ёдгор Файзов зимни суханрониаш оид ба ҳодисаҳои рухдода нисбати ҷинояткор Зиёбеков Г. ва ҳаммаслакони ӯро зери эроди ҷиддӣ қарор дод. Аз ҷумла қайд кард, ки Гулбиддин Зиёбеков дар содир намудани якчанд ҷиноят, аз ҷумла латукӯб намудани ёрдамчии Прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А., барангехтани ҳисси инсонбадбинии миллӣ, маҳаллӣ дар соли 2020 айбдор карда мешавад. Зиёбеков Г. дар рафти иҷрои корҳои тафтишотӣ ба прокуратура ҳозир нашудааст ва ниҳоят дар рӯйхати расмии ҷустуҷӯ ворид шудааст. Яке аз сабаби асоси гӯё шаҳрванд Шоҳназарова Зӯҳро, ки аз худуди Федератсияи Русия департатсия карда шудааст, ба афроде бо номи Ҳабиб ба маблағи 300 сомонӣ ва як чорвои майдаи пора дода, хоҳиш кардааст,ки ба шиносномаи хориҷиро бо ному насаби дигар омода карда дастрас намояд. Ниҳоят ин ашхос барои масъаларо ҳал намудан ба З. Шоҳназарова маслиҳат додааст, ки ба ёрдамчии прокурори Роштқалъа муроҷиат намояд.Сипас, гуё З. Шоҳназарова барои ҳалли масъали мазкур ба ёрдамчии прокурор занг зада бошад. Дар иртибот ба ин собиқ раиси вилоят барои амиқ намудани ин масъала шаҳрванд Шоҳназарова З. ва падарашу шоҳидонро дар утоқи кориаш даъват карда, аз воқеияти ҳол бохабар шудааст. Дар рафти сӯҳбат З.Шоҳназарова аз собик раиси вилоят хоҳиш карддааст, ки барои омода кардани шаҳодатномаи хориҷӣ мусоидат намояд ва дар ҷавоб Ёдгор Файзов рад карда. фаҳмондааст, ки ин амал ғайриқонунӣ аст. Бо баробари ин бояд қайд кард, ки дар рафти тафтишот занг задани Шоҳназарова З. ба ёрдамчии прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода Абдусаттор тасдиқи худро наёфтааст. Хуллас ҳолати гайриқонунии Шоҳназарова З.-ро гурӯҳҳои муташаккил ғаразона ба манфиати худ бозию найрангиашро пеша карда, ҷавононри бехабарро ба ин ҳолат ҷалб ва гумроҳ намуда, оқибат ба ғирдиҳамоӣ раҳнамоӣ кардааст.
Инчунин бояд қайд кард, ки дар ҷараёни видиофилими “Нерӯи қонун”доир ба қазияи ҳодисаҳои руйдода, аз ҷумла нисбати ҷинояткор Зиёбеков Г аз тарафи шоҳидон бо далелҳо тасдиқ карда шуд. Аз ҷумла, аз ҷониби Муқим Латипов, раиси Ҷамоати деҳоти Қурбоншо Гадоалиев қайд намуд, ки дар ҳақиқат Зиёбеков Г. даъвати мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқро рад кардааст ва ба ҷои таъиншуда ҳозир ҳозир нашудааст. Ин ҳолатро ҳамсояи Зиёбеков Г., шаҳрванд Таваклов Эраҷ низ тасдиқ менамояд. Баробари ин аз ҷониби ҳуқуқшинос Акбаралӣ Каримӣ ба даъват ҳозир нашудани Г.Зиёбековро аз нуқтаи назари қонунҳои амалкунаеда шарҳ дод. Инчунин аз ҷониби мақомоти дахлдор бо бародарони Зиёбеков Г. барои ҳозир шуданаш корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст. Вале бо вуҷуди ин ҷинояткор – Гулбиддин Зиёбеков даъвати мақомотҳоро намоишкорона рад кардааст.
Дар намоиши барномаи телевизонии вилояти Бадахшон таҳти унвони “Нерӯи қонун” нисбати амалҳои ғайриқонунии гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо далелҳои раднашаванда аз ҷониби шоҳидони воқеаияти ҳол Мирзоалиев Хайрулло, рондаии автомашинаи “Дулан”, шаҳрванди шаҳри Кӯлоб, вилояти Хатлон” тасдиқ шуда, баён карда шуд, ки дар давоми се рӯз ӯро беасос махкам намуда, сипас беш аз 1000 сомонӣ маблағро ба таврӣ маҷбурӣ гирифтаанд. Инчунин гурӯҳи авбошон нисбати шаҳрванд Ҳувайдо Ақимбеков, ронадаи КАМАЗ, истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнон муносибати дағалона намуда, худсарона бе асос роҳи нақлиётро манъ карданд. Дар натиҷа шаҳрвандони зикргардида зарари моддию молиявӣ диданд. Умуман дар натиҷаи амалҳои авбошона ва тахрибкоронаи аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва сокинони гумроҳшудаи вилоят 25 – 28 ноябри соли равон даҳҳо дарахтони канори роҳи мошингард бурида ва роҳи автомобилгарди байналмилалии “Душанбе-Хоруғ-Қулма”, ки ягона роҳи воридоти молу маҳсулот ба маркази вилоят мебошад, баста шуд. Дар маҷмӯъ, ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимомии ВМКБ зиёда аз 3 миллиону 560 ҳазор сомонӣ зарарӣ моддӣ расонида шуда, раванди муътадили фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят халал ёфт.
Инчунин дар филми зикршуда Муллоев Мавлодод, собиқадори меҳнат аз ноҳияи Ишкошим баромади ҷолиб намуд. Зимни баромади хеш ҷиҳати вусъат бахшидан ба корхои ободонӣ, бунёдкори ва созандагӣ, таъмини волоияти қонун, пешгири намудани чиноятхои вазнин ва баланд бардоштани маърифати ахлоқӣ ва хуқуқии аҳолӣ, дар рӯҳияи инсондӯстиву ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон ибрози ақида намуд, ки ин намунаи ибрат аст.
Баробари ин бояд қайд кард,ки алҳол оид ба масоили ҳодисаҳои рухдода, аз ҷониби мақомоти дахлдор тафтишот идома дорад. Вобаста ба ин дар рафти намоиши филми мазкур аз ҷониби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ Манучеҳр Холиқназаров ва Хурсанд Маҳмадшоев қайд карда шуд, ки тибқи талаботи қонун тафтишот оғоз карда бо маром ҷараён дорад.
Пас аз намоиши видиео филми “Нерӯи қонун” хулосабарорӣ намуда, таъкид намудан бамаврид аст, ки Тоҷикистон давлате нест, ки солҳои 90-уми садаи гузашта буд. Бояд волоияти қонун таъмин карда шавад. Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, Конститутсия ва қонунҳои мамлакатро риоя ва иҷро намоянд. Вале ҳайфи он ҷавонон, ки ба ваъдаҳои бардурӯғи «хоҷа»-ҳои дохиливу хориҷӣ дода шуда, ҷавонии худро на сарфи хондану илм омӯхтан, балки корҳои ношоиста мекунанд.
Ҷавонон, худшиносу худогоҳ бошанд ва фирефтаи афкори бегонагон нагарданд. Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Дар фарҷоми андешаи хеш иброз медорем, ки мо бояд ба қадри сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ расем, ба маҳалбозию иғвогарӣ хотима бахшида, барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол софдилона меҳнат намоем.

Д.ҶОННАЗАРОВА,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *