Изҳороти устоди кафедраи математика ва технологияи инноватсионии ДИС ДДТТ Мамадхӯҷаева М оид ба қатли сайёҳони хориҷӣ

Боиси афсус ва нигаронист, ки дар Тоҷикистони азизи мо аз тарафи бадхоҳони миллат ба сайёҳони хориҷӣ ҳамлаи террористӣ рух дод. Ҳодисае, ки рӯзи 29 июл дар ноҳияи Данғара рух дод маро ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ташвиш овард. Сайёҳони хориҷие, ки барои сайёҳат ба манотиқи куҳии Тоҷикистон омада буданд, аз чор давлат – ИМА, Ҳолланд, Швесария ва Фаронса буда, нисфирӯзии 29 июл пушти ҳам аз роҳи Ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара – қитъае аз шоҳроҳи Душанбе – Бадахшон ҳаракат мекарданд, дучори ҳамлаи автомобилӣ шуданд. Баъд аз ин сайёҳон боз зери лату куб қарор дода шуданд. Дар натиҷа, ду нафар сайёҳи амрикоӣ, як нафар сайёҳи швейсарӣ ва як нафар сайёҳи ҳолландӣ кушта шуда, се нафари дигар маҷруҳ шуданд. Мутассифона, ин ҳодисаи даҳшатангез аз тарафи ҷавонони гумроҳгаштаву ноогоҳ ба амал омад, ки онҳо худро ҳамчун узви ДИИШ ва ТЭТ ҲНИ муаррифӣ намуданд.
Мутаассифона, аксари ҷавононе, ки бо гурӯҳу созмонҳои ифротгароӣ мепайванданд, онҳое мебошанд,ки сатҳи савдои зарурӣ надоранд ва ин гурӯҳҳо бо истифода аз бесаводию тангназарӣ чунин ҷавононро ба доми худ кашида, боиси гумроҳии онон мегарданд.
Сабаби дигар он аст, ки фаҳмиши нодурусти озодӣ, демократия боиси он гардид, ки баъзе гурӯҳҳои ҷомеа, алалхусус баъзе ҷавонон, аз паи ҳавою ҳавасҳо ва лаззатҳои моддӣ (молу сарват) ба амалҳои ношоиста, ҷиноят даст мезананд, ба доми фиреби фарҳангу динҳои сохтаву бегона кашида мешаванд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки манбаи маблағгузории созмонҳои террористӣ дар мамлакатҳои мусулмонони Шарқ захираҳои нафт мебошад. Тарафи дигари масъала он аст, ки дар раванди мубориза терроризму экстремизм симову самти ҳаракати худро тағйир медиҳанд, ки терроризму экстремизмро идеологияҳои фаъол барои манфиати худ бо воситаҳои нав истифода мебаранд.
Аз суханони боло ба чунин хулоса бармеояд, ки терроризму экстремизм ин бемораи сироятнашавандае аст, ки онҳо пуштибону паҳнкунандагони худро доранд.
Барои пешгирии терроризму экстремизм мо бояд мафкураи ҷавононро ба масъалаи сиёсати сулҳхоҳона, ватанпарварӣ, ислоҳоти иқтисодии кишварамон, созандагӣ, омӯзиши касбу ҳунар равона кунем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *