Манқуртшудагон хизматгорони бегонаҳоянд!

Имрӯзҳо бо тариқи ВАО шоҳиди он шудаем, ки душманони халқиятҳову миллатҳо дар кишварҳои хориҷӣ нақшаҳо кашида ба сулҳу суботи ҷомеаҳо нооромиву хатарҳои ҷиддиро эҷод мекунанд. Душманони кишвару миллат ҷавонони нодону ҷоҳилро бо роҳҳои тарғибу таблиғи ақидаҳои ба мо бегонаву зараровар ва ваъдаҳову суханҳои бардуруғи аблаҳкунанда дар кишварҳои Эрону Афғонистон Покистону мамолики араб ҳамчун манқуртшудагони худ табдил дода, ба тариқи васоити мухталиф бар зарари миллату давлат нақшаҳо мекашанд. Масалан, шаҳрвандони ҷумҳурии азизамон борҳо шоҳиди он шудаанд, ки баъзе ҷавонони гумроҳшуда дар минтақаи Қуми Ҷумҳурии Исломии Эрон чун террористони манқуртшуда табдил ёфта, барои нооромии кишвар талошҳо намудаанд.
Ҳукумати кишвари Тоҷикистони ҷавон баҳри ободиву пешравӣ кӯшишҳои пай дар пай намуда, нақшаҳои статегии худро иҷро карда истодааст, ки он дар сохтану обод кардани роҳҳо ва ба он восита аз бумбасти коммуникатсионӣ пурра баромадан, сохтани ГЭС-ҳо, ки дар муддати 70-соли замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин нишондод ноил нагашта буд ва ба ин тариқа ба тамоми қишри аҳоливу иқтисодиёти мамлакат энегетикаро таъмин намудан, сохтану обод кардани шаҳрҳову деҳаҳо, иштироки фаъъолона дар ҳамаи чорабиниҳои байналмилалӣ дар намуди варзиш, олимпиадаҳои фаннӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ҳамкорӣ дар иҷрои проэктҳову барномаҳои созанда, рушди туризм ва ғайра мебошад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди туризм ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудаанд, ки он боиси пешравӣ дар соҳаи туризм гардид. Чунин пешравиҳоро душманони миллату Ватан, ки бо хоҷагони бегонаи худ робитаи зич дошта, бо кӯмаки молиявӣ, консултативию тактикии онҳо зидди миллату Ҳукумати кишвари азизамон амал карда, ҷангҳои иттилоотиву диверсиониро раво мебинанд, бо хашму ғазаби худ дида натавониста, алайҳи сайёҳони бегуноҳ амали террористиро раво диданд. Онҳо мехоҳанд барои ба даст овардани суд ба давлату миллат бадбахтиҳоро оранд, ки сӯхтанҳову бадбахтиҳои халқиятҳои кишварҳои Ироқу Сурия ва Афғонистону Либия намунаи олии ин гуфтаҳост. Террористон мехоҳанд бо роҳи тарсонидани сайёҳон имиҷи кишварамонро паст карда, зидди пешравии мамлакати мо шаванд. Саволе ба миён меояд, ки он террористон киҳоянд? Террористон ҳамон ҷавонони манқуртшудагон ҳастанд, ки бо ақидаҳои салафиву радикалӣ ва наҳзатии худ ҳастанд, аз хоҷаҳои беруниву гурезаи худ амру фармонҳоро гирифта, зидди мардуми осуда амалҳои даҳшатаворро иҷро мекунанд.
Аз мардуми кишвари азизамон хоҳиши онро дорам, ки бар зидди радикализму экстремизм ва бегонапарастиву нодонӣ мубориза бурда, ба Ҳукумати Тоҷикистони ҷавон ва лекин бисёр бо хирад мусоидат намоянд. Мо ҳаргуна амалҳои нопоки террористону экстримистон ва радикалҳо, ки дар шакли ҳизбҳои террористии мамнуъшудаи таҳриру ҳнит, давлати исломӣ, ансоруллоҳ, ихвон, ҳизбуллоҳ, салафияву таблиғ, ҷамоати исломӣ, гурӯҳҳои экстремистии 24 ва ҳамфикрони онҳо, ки манқуртони хоҷагони кишварҳои ғарбу шарқ, аз ҷумла Эрон ҳастанд, маҳкум менамоем ва намегузорем, ки кишвари ноороми моро ба ҷанг оғӯшта кунанд. Мо умед дорем, ки ҷавонони ҳушёри мо манқуртони хоҷагони бегона намешаванд ва дигаронро низ намегузоранд, ки сафи манқуртон зиёд шавад.
Нест бод терроризм! Нест бод экстримизм! Нест бод манқуртизм!

Фаррухҷон Камолов,
н.и.ф., мудири кафедраи
забонҳои хориҷии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *