Ҳар гоҳе, ки авроқи таърихро варақ мезанем, сарнавишти миллати куҳанбунёдамон пеши назар меояд. Дар ҳар ҳаводиси азим бо вуҷуди воқеаҳои фалокатбор миллати тоҷик аз оянда ноумед нагаштааст, илму фарҳангу тамаддунаш ўро ҳифз кардааст, аз ин ҷост ки хуввияти миллиро мисли гавҳараки чашм нигоҳ медорад.
Чунончӣ огоҳӣ дорем, 15-уми сентябри соли 2018 Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон мулоқот доштанд. Дар он аз афзоиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ изҳори нигаронӣ карда шуда, ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, мусодираи силоҳу аслиҳа, лавозимоти ҷангии ғайриқонунӣ, ошкор ва пешгирӣ кардани қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷоннок намудани фаъолияти мақрмоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар вилоят Ситоди байниидоравии мақомотҳои таъмини амният таъсис дода шуд ва алҳол фаъолияти он идома дорад. Ситоди байниидоравӣ дар ҳамкории зич бо мақомотҳои дахлдор ва шаҳрвандони ба ору номуси шаҳри Xopyғ дар самти ислоҳи камбудиҳои аз ҷониби Сарвари давлат таъкидгардида ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил шуданд.
Мавриди зикр аст, ки маҳз фаъолияти пурсамари кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳрвандони боазму иродаи шаҳри Хоруғ имкон дод, ки силохи оташфишон ва лавозимоти ҷангии ғайриқонунӣ дар муддати кўтоҳ мусодира карда шавад.
Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд: «Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми шарафманди тоҷик имкон дод, ки мо маҷрои рушди иқтисоди миллиамонро ба куллӣ тағйир диҳем, барномаҳои нави давлатиро қабул кунем, сохтори давлатдориамонро, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таҳким бахшем, иқтидорҳои нави иқтисодиро ба кор андозем, сокинони мамлакатро дар тамоми фаслҳои сол бо неруи барқ таъмин кунем ва барои рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар шароит ва заминаи мусоид фароҳам оварем».
Миллати тоҷик аз имтиҳону мушкилоту ихтилофотҳои замон сарбаландона берун омад. Душманон натавонистанд ин миллатро ба фано баранд. То замоне ки тоҷик муттаҳид аст ва дар роҳи пешрафти истиқлоли худ талош мекунад, ки ҳеч кишвар қудрати тоҷикро, зери назари худ қарор дода наметавонад ин гуна миллат ҳеҷ гоҳ, ба ҳеҷ таҳти ҷойталабии ҳадафи бегона қарор намегирад.