ТТЭ ҲНИ ҲЕЧ ГОҲ БА МАҚСАД НАМЕРАСАД!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ба вуҷуд овардани фазои нави сиёсӣ, маънавию ахлоқиро дар ҷомеа пешниҳод намуд, ки он омили муҳимтарини тавлиди мафкураи ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Аммо бо гузашти замон чунин тарзи ҳаёт, яъне дар фазои сулҳу оромӣ зистани баъзе аз мардумон барои афроди алоҳида он қадар писанд нест. Онҳо ба ҳар роҳу восита мехоҳанд суботи ҷомеаро халалдор намоянд, ҷавононро ба доми фиреб кашанд ва бори дигар миллати тоҷикро ба бадбахтӣ оварда расонанд.

Роҳбарони ҳизби ТТЭ ҲНИ ҷоҳталабона аз дини мубини Ислом сӯиистифода карда, аз худ чеҳраҳои сиёсию мушкилосонкунон вонамуд мекунанд. Вале аҳли ҷомеа найрангҳои ононро медонанд. Бадбахтӣ он аст, ки террористон аз номи ислом бар зиди ислом кор мебаранд. Ва дар ьар жое, ки имрӯз амалҳои террористӣ доир мешаванд, ба ислом рабт медиҳанд. Дар ҷомеаи мо низ имрӯз мардум ҲНИ-ро, яке аз шоҳаҳои шабакаи байналмилалии террористӣ маҳсуб меёбад, ба дурустӣ шинохтанд.  Наҳзатиҳо аввалин хиёнатро ба миллату мазҳаб кардаанд. Хиёнати ТТЭ ҲНИ ба миллат он аст, ки ба хотири манфиатҳои молиявӣ иродаи кишварҳои бегонаро зидди миллату ватани худ амалӣ мекунад. Ягона ҳадафи нопоки чунин гурӯҳҳои ифротӣ ин аз байн бурдани давлатҳое, ки имрӯз соҳибистиқлол гардидаву мардумонаш озод ҳастанд онро зери ҳадаф қарор дода, аз баъзе ҳолатҳои ногувори мамлакатҳо сӯи истифода менамоянду  мехоҳанд вобаста ба дини мубини ислом ҳарф зада, ба маъное, ки ақли инсонҳоро бо ҳар гуна  роҳҳо дуздида истодаанд.

Ҳизбхои экстремистӣ ва террористӣ  мехоҳанд ҳамеша мардумони соддафикрро ба доми олудаи хеш кашида эшонро ба фоидаи худ истифода баранд. Ин ташкилоти наьзатиьо пас аз озмоишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳам аз ғаразу хиёнат ба ватани хеш даст накашида ба террори давлатӣ машғул шуда аз озодиву имконҳое,ки дар заминаи ин созишнома ба даст оварда истифода карда, кӯшид то ҷомеаро сахт мазҳабиву хурофотӣ ва таасубзада намояд. Афкори пучи ин ҳизб зеҳни даҳҳо ҷавононро мағшуш карда, сабаби ба гурӯҳҳои террористӣ пайваст шудани онҳоро гардид. Ҳама амалҳои онҳо хиёнат ба миллат, хиёнат ба Ватан ва хиёнат ба ҳамаи муқаддасоти ин марзу бум аст. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз таърих ва арзишҳои маънавии халқи худ огоҳ аст, аз рӯзи аввали ба сари ҳокимият омаданаш дӯстию рафоқат ва ваҳдатро асоси оромию осоиштагии ҷомеа меҳисобад.

Дилафрӯз Ҳомидова,
корманди бахши табъу
нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *