Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ дар як давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту ободии мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардем. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисми ҷудонашавандаи ҷумҳурии соҳибистиқлоламон мебошад ва ба пешрафти кишвар ҳиссаи худро гузошта истодааст.
Имрўз душманону миллат пешравиҳои вилоятро дида натавониста, аз хориҷи кишвар тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан “Фейсбук”, “Одноклассник”, “Радио Зелло”, “Ютуб” ҳар гуна андешаҳоро паҳн намуда, тадбирҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукуматро дар мавриди ҷамъоварии силоҳи ғайриқонунии оташфишон, пешгирӣ аз ҳаракати мошинҳои бидуни рақами давлатӣ, иҷозатномаи ронандагӣ ва сиёҳшиша, интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар иқдомоти расмии мақомотҳои қудратии моро як навъ амалиёти низомӣ нисбати мардуми Бадахшон Кӯҳӣ унвон мекунанд.
Дар суханронӣ ва мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15.09.2018 ба вазъи иқтисодию сиёсии вилоят баҳои муносиб додаанд:
“Танҳо дар солҳои 2013-2018 аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои тараққиёти вилоят беш аз 4 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст. Умуман, дар 27 соли даврони истиқлолият дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маблағи умумии 2 миллиарду 240 миллион сомонӣ қариб 1700 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода супорида шудааст.”
“Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2016-2020 ба фароҳам овардани шароит барои рушди устувори маҳал, ташкил намудани ҷойҳои кори нав ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони вилоят нигаронида шудааст.
Дар доираи барнома татбиқи 110 лоиҳа ва бунёду азнавсозии беш аз 1500 иншоот ба маблағи умумии беш аз 4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 85 фоизи он барои беҳдошти шароити инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он равона мегардад.”
Беҳуда нест, ки соли 2017 кӯҳҳои Помири Тоҷикистон бори cеюм ба рӯйхати “100 манзараи беҳтарини сайёҳӣ” дар ҷаҳон шомил гардиданд.
Аз далелу рақамҳои овардашуда ба хулоса омадан мумкин аст, ки дар замони истиқлол дар ҷодаи иқтисодию иҷтимоӣ сокинони Вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштаанд. Мавҷудияти проблемаҳои баланд будани сатҳи ҷиноӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, зиёд будани шумораи беморони нашъамандӣ ва шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам дар бисёр ҳолат аз наздик будани кишвари ноороми Ҷумҳурии Афғонистон вобаста аст. Маълум аст, ки ҳоло зиёда аз 60 фоизи масоҳати ин кишвар аз назорати мақомоти давлатӣ берун аст. Дар шаҳрҳои марказӣ фаъолони ДИИШ, Толибон нотарсона кирдорҳои террористии худро иҷро намуда истодаанд.
Баҳри беҳтар намудани вазъи ҷиноӣ ва сиёсӣ, таъмини осоиштагии мардуми ин сарзамин чораҳои ҷамъоварии силоҳи ғайриқонунии оташфишон, пешгирӣ аз ҳаракати мошинҳои бидуни рақами давлатӣ, иҷозатномаи ронандагӣ ва сиёҳшиша, интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир равона гардида, сиёсати давлатии мо бар муқобили ягон минтақа ва халқият равона нагардидааст. Баръакс бо ин амалиёти густурдаи мақомотҳои қудратии мамлакат Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷинояткорон тоза гардида, минтақа ва шаҳру ноҳияҳои он ба ҳаёти осоишта рӯй меоваранд.