Дар давоми моҳи августи соли равон тариқи шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ идомаи филми мустанади «Бозгашт аз ҷаҳаннам» намоиш дода шуд. Дар филми мазкур яке аз собиқ таъсисгарони ТТЭ ҲНИ Сатторов Аёмиддин далелҳои зиёдеро оид ба бевосита даст доштани ин ташкилоти террористӣ дар оғоз намудани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ ва ҷиноятҳои мудҳиш бар зидди миллати тоҷик ва алоқамандии ин ҳизби террористиро бо хадамоти махсуси ҶИЭ воқеаҳои ҳолро иловатан баён намуд. Баъзе расонаҳои гурўҳӣ тариқи интернет кӯшиш намуда истодаанд, ки гўё гуфтаҳои Сатторов А. бофта ва он зери фишори мақомот қарор дорад. Бо ибораи дигар моҷароҷўён тариқи расонаҳо ТТЭ ҲНИ-ро “сафед” намуда, пуштибонӣ карда истодаанд. Воқеан вақт довар аст, ки имрўз нисбати паҳлуҳои фаъолияти ҲНИ дар сатҳи байналмилалӣ низ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, он расман Ташкилоти террористӣ-экстремистӣ Ҳизби назҳати исломӣ дониста шудааст. Чунончӣ, Конференсияи байналмилалии илмӣ-тадқиқотӣ таҳти унвони «Миср ва Тоҷикистон дар муборизу бар зидди созмонҳои террористӣ, омўзиши тафсилии фаъолияти “Ихвон-ул-муслимин” ва Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби назҳати ислом”, ки моҳи августи соли равон дар шаҳри Қоҳира, шаҳраки Маодии Ҷумҳурии Арабии Миср баргузор гардида, мисоли равшан ва далел аст. Инчунин аз ҷониби рўзномаи «Times»-и бритонявӣ гузориши мақомоти амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба гурўҳи муташаккил, ки санаи 29 июли соли 2018 бо роҳбарии Ҳусейн Абдусамадов амали террористӣ содир шудааст ба нашр расонид. Ҳамин тавр сомонаи «Амон» перомуни фаъолияти ТТЭ ҲНИ тадқиқот анҷом дода, маълум намуд, ки ин ҳизб бар асоси идеологияи Ҳасан Бано – таъсисдиҳандаи «Ихвон-ул-муслимин» ва Сайид Қутб – ақидасоз ва Абу Аъло ал-Мавдудӣ, ки устоди «Қутб» ба шумор меравад, барпо гардидааст. Дар ин бора расонаҳои ивғоандоз андеша кунанд. Бо баробари ин набояд фаромўш кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави пешрафтҳои замони Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати рў ба тараққӣ ва орому осоишта пазируфта шудааст. Хулоса, имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рўз аз рўз аз моҳияти гурўҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону хиёнаткор, ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд,муборизаи беамон бурда истодааст.