БАДАХШОНИҲО НАБОЯД ФИРЕФТАИ БОЗИҲОИ СИЁСИИ ДИГАРОН ГАРДАНД!

Хабари нотинҷ гаштани вазъи ҳаёти ҷамъиятӣ дар Бадахшон моро ба ташвиш овардааст. Дар рӯзҳои таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ВАО дар бораи тараққиёти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳи ахбори зиёд пахш гашт, ки моро шод мегардонид. Аз ҷумла, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти бо роҳбарон ва фаъолони ВМБК таъкид намуданд, ки дар Бадахшон дар раванди корҳои ободониву бунёдкорӣ 743 иншоот ба маблағи умумии 927 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуда, дар онҳо зиёда аз 3200 ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст. Давлат ва Ҳукумати мамлакат аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ то имрӯз ба хотири рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он беш аз 21 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Танҳо соли 2020 ва шаш моҳи соли 2021 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои таъмини фаъолияти соҳаҳои мухталиф, бунёди иншооти иҷтимоӣ, таъмиру азнавсозии роҳу пулҳо, корҳои сохтмону ободонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дастгирии буҷети вилоят 922 миллион сомонӣ равона шудааст. Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2021 – 2025 амалисозии боз 135 лоиҳа ба маблағи умумии қариб 4,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Далелҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар давоми 30-соли истиқлолият Бадахшон дар рушди иҷтимоию иқтисоди пешрафта, рӯз то рӯз симои он тағйир меёбад. Тавре худи бадахшониҳои асил дар вохӯриҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Дар солҳои соҳибистиқлоли Бадахшон дар ҳақиқат ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил ёфтааст”. Садҳо километр роҳҳо, пулҳо, марказҳои хизматрасонӣ, корхонаҳои хурди саноатӣ бунёд гашта, Бадахшон ба гӯшаи сайёҳии ҷумҳурӣ табдил ёфтааст. Ҳазорҳо ҷойҳои кории нав бунёд гаштанд, ки он бевосита ба сатҳи зиндагии мардум таъсири мусбат мерасонад. Бубинед, дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ 7-8 моҳи сол роҳи Бадахшон баста буд, мардум равуо карда наметавонистанд, имрӯз бошад бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати бунёдкорани Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи стратегияи милии баромад аз бумбасти коммуникатсионӣ тӯли тамоми сол имконияти рафту омад ба Бадахшон фароҳам оварда шудааст. Чунин далелҳоро аз ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Бадахшон зиёд овардан мумкин аст.
Аммо баъзе доираҳои сиёсӣ ин бурдбориҳои нодида мегиранд. Онҳо аз ҳар як ҳодисаи рух дода, истифода намуда, мехоҳанд вазъиятро ноором гардонанд. Ҳодисаи рӯзи 25 ноябри соли равон ба амал омада, аз қабили онҳост. Вобаста ба ин ҳолат мехостам чанд нуктаро баён намоям.
Якум, ин ҳодисаи соф криминалӣ буда, манфиатҳои тӯдаи муташаккили ҷинояткорро ифода менамояд. Бубинед, шаҳрванд Зиёбеков Г. барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ.3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ.3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маводи кофтуковии мақомоти Прокуратура дар кофтукови расмӣ қарор дошт. Ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ оид ба боздошт намуданаш бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз таппончаи тамғаи “Макаров”, ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушод. Магар ин қонуншиканӣ нест. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо тавассути қонун халъи силоҳ эълон намудааст, вале шаҳрванд Зиёбеков Г. барои чӣ силоҳи худро насупорид, ба кадом мақсад онро пинҳон намуд? Маълум мешавад, ки барои амали намудани айбномаи дар боло зикр гардида. Магар ин қонуншиканӣ нест? Агар қонуншикани бошад, пас дар назди қонун ҷавоб диҳад.
Дуюм, моҳи марти соли 1992 –ро бадахшониҳо набояд фаромӯш намоянд. Онҳо ҳамон рӯз барои дифоъ аз вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ М. Навҷувонов дар назди қасри Президент гирдиҳамоии эътирозӣ намуданд. Вале баъди 1-2 рӯз номи Навҷувоноро ҳама фаромӯш намуданд. Ҷилави майдонро тарафдорони ҳизби наҳзати ислом ва дигар қувваҳои деструктивӣ ба даст гирифта буданд. Метарсам, ин дафъа ҳам ҳамон қувваҳои деструктивӣ аз вазъият истифода намуда, мардуми зудбоварӣ Бадахшонро фиреб надиҳанд. Ҳолдонҳо хабар медиҳанд, ки дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Руссия бадахшониҳо ангушт шуморанд, ҷилави корро аллакай наҳзатиҳо, “Паймони миллӣ”, “Гурӯҳи 24” ва дигарҳо ба даст гирифтаанд. Ҳодисаи Бадахшон барои онҳо як баҳона ва такконе мебошад. Ин ашхос ҳаргиз барои дифои манфиатҳои мардуми Бадахшон ба тазоҳур даст назадаанд. Ва садоҳо ва ахборе, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода шудаанд, ин садои бадахшониҳо нест, ин садои ҳамон қувваҳое мебошанд, солҳои 90-ум Тоҷикистонрор ба алангаи оташ тела доданд.
Солҳои 2000-ум буд, дар сӯҳбат бо яке аз роҳбарони “Лаъли Бадахшон” пурсидам, ки тазоҳурот ва сипас ҷанги шаҳрвандӣ ба мардуми Бадахшон чӣ дод? Дар ҷавоб чунин гуфт: Ҳеҷ чиз, моро фиреб доданд! Дар ҳаросам, ки ин дафъа низ мардуми зудбовари Бадахшонро ба доми фиреб наандозанд.
Сеюм, ноором гардонидани вазъ дар Бадахшон барои онҳое, ки ҷонибдорони ғояҳои “Толибон” мебошанд, хеле мувофиқ аст. Гарчанде “Толибон” ба сари қудрат омадаанд, вале аз ғояҳои террористиву экстремистии худ даст накашидаанд. Ва мехоҳанд ба ҳар роҳу васила он ғояҳоро дар Тоҷикистон паҳн намоянд. Аз ин лиҳоз, на фақат бадахшониҳо, балки ҳар як шаҳрвадӣ бо ору номуси Тоҷикистон ҳиссӣ маҳалгароӣ, хешу таборчигиро як сӯ гузошта, ҳисси ватанпарварӣ, худшиносии миллӣ ва худогоҳиву зиракии сиёсиро аз даст надиҳад. Дар охир гуфтаниям: Ҳой мардум, мо як бор раҳгум задем, дигар набояд онро такрор кунем. Охир кӯр як бор асояшро гум мекунад-ку!

СОЛИҶОНОВ Р.,
доктори илмҳои фалсафа,
профессори кафедраи ҷомеашиносии 

ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *