Изҳороти шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба намоиши  филми мустанади  “Хиёнат”

 

Мо кормандони шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии  Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд пас аз намоиши филми мустанади “Хиёнат” мо хулосаҳоямонро  нисбати кирдорҳои роҳбару аъзоёни собиқ Ҳизби наҳзати ислом -ҲНИ иброз менамоем.Дар иртибот ба ин , қайд менамоем, ки ҷинотҳои содирнамудаи роҳбари он- М.Кабирӣ ошкору тасдиқи худро ёфт.

Филми “Хиёнат” тибқи далелҳои радношаванда, бо шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ дар сатҳи баланд омода карда шудааст.

Мо рафтору кирдори ТТЭ ҲНИ-ро маҳкум карда, таъкид менамоем, ки имрӯз ҳар яки моро зарур аст, аз намоиши филми ҳуҷҷатӣ хулосаи зарурӣ бароварда зиракию ҳушёриро аз даст надиҳем, дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъолро ба роҳ мондан, тақозои замон аст. Бигзор, тамоми ҷавонони Тоҷикистони азиз ва берун аз марзи кишвар иқомат доранд, раъю андешаи солим дошта бошанд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *