М. Садриддин бештар ҳарзагӯӣ мекунад!

Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромади мухолифин дар хориҷи кишвар бештар гашта истодааст. Онҳо дар хориҷи кишвар бо нигоҳи муғризона ба сӯи Тоҷикистон назар афканда, ҳамеша корашон танқиду камбудӣ кофтан аст. Ростӣ, мо ҳайрон мешавем, ки чаро онҳо даст ба чунин аъмоли ношиста мезананд ва барои ободии ин марзу бум чӣ коре анҷом додаанд, касе намедонад. Бахусус М. Садриддин аз мухолифини сарсахту бадбахти тоҷик дар ин бора бештар менависад, ки бештари гузоришу маводҳояш асоси воқеӣ надоранд.

Аз тамошои навор ва мазмуни мақолаҳои ба нашр расонидаи Муҳаммадиқбол ҳар як фарди солимфикри миллати тоҷик шарм мекунад. М.Садриддин чизҳоеро менависад, ки мисли хобу хаёл аст. Масалан даъвои вай дар бораи гуфтушуниди Сарвари давлат бо Кабирӣ. Аблаҳтарин инсон ҳам чунин андеша надорад. Кадом Раҳбари давлат бо террорист ва ҷинояткору хиёнаткор гуфтугу мекунад? Террористу ҷинояткорони мисли Кабирӣ ва ғайра бояд дар маҳбас бошанду халос. Раҳбари давлат бо мардуми кишвар сӯҳбат мекунанд, ки меҳнаткашанду дар атрофи сиёсати созандаи Пешвои худ муттаҳид гардида Ватанро обод мекунанд.

Баръакси навиштаҳои бемантиқ тамоми интихоботҳои замони истиқлолият шаффоф ва озодона буданд. Яъне туҳматзанию интихоботҳои дар кишварамон доиршударо мавриди шубҳа қарор доданҳои М.Садриддин аз як ҳарзагуие бештар нест. Аз ин сабаб ҷавонони гумроҳ бояд бидонанд, ки онҳо мисли нафарони дигар, ки солҳои қабли дар гирди ташкилоти терорристӣ-экстремистии «ҲНИ» ҷамъ буданду айни замон паси панҷара ҳастанд, навбат акнун ба «Ислоҳ.нет» ва М.Садриддин расидааст. Бояд ҷавонон ва ашхоси ноогоҳ донад, ки имруз собиқ аъзоён ва пайравони ТЭТ «ҲНИ» аз кирдорҳои аблаҳонаю разилонаи содиркардаи худ пушаймон ҳастанд ва нисбати роҳбари ин ташкилот М. Кабирӣ, нафрат доранд. Дигар мардуми бонанагу ор ва бофарҳангу таммадунофари тоҷик ба ҳилаву найранг ва иғвоҳои М.Садриддин дода нашуда, аз паси зиндагии осоишта худ мебошанд.

Бурҳонов С,

И. Ҳалимов,

устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *