ИЗҲОРОТИ шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ ба сокинони кишвар оид ба руйдодҳои охири Бадахшон

Мо кормандони шуъба тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба руйдодҳои охири Бадахшон нисбат ба рафтору кирдори яке аз гурўҳи муташаккили ҷиноятӣ, авбош бо номи Мамадбоқир Мамадбоқиров ва пайравонаш андешаи хешро иброз медорем. Пеш аз ҳама бояд ёдовар шуд, ки афроди ҷиноятпеша ҳафтаи охири моҳи январи соли равон дар шаҳри Хоруғ ба утоқи кории сардори раёсати маорифи ВМКБ Лутфулло Наврӯзов даромада, бе ягон асос ӯро лату кӯб карда, нисбати сокинони Дарвозу Ванҷ суханони қабеҳ гуфта, аз шаҳри Хоруғ баромада рафтани ўро талаб намуда буд. Дар ҳақиқат рафтори Маҳмадбоқир нисбати як омӯзгори соҳибмансаб ваҳшоният аст! Илова бар ин аз ҷониби вакилони халқи вилоят ва яке аз аъзои гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ Амриддин Аловатшоев чун шоҳиди воқеа бо далелҳои раднашаванда ҷиноятҳои содирнамудаи Мамадбоқир исбот шудааст. Аммо то ҳол ҳаммаслакони гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ авбош Мамадбоқир ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, имрузӣ низ бо пайравони гурӯҳу хешу табораш тамоми рушди Бадахшон дар замони исиқлолиятро дидаву дониста сарфи назар намуда, бо ташкил кардани гирдиҳамоӣ ба эҷоди ҳисси норозигию эътироз миёни мардуми Бадахшон ва ноором сохтани вазъияти Тоҷикистон таблиғоти ғаразнок ба роҳ гузоштаанд. Мо медонем, ки бадхоҳони халқу ватан бо ҳар баҳонаи ночиз кишвари моро ноором созанд, мардумро ба гумроҳӣ андозанд ва ҳатто ҳокимияти қонуниро сарнагун кунанд. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии кишвар 17 майи соли равон аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади халалдор сохтани вазъияти сиёсӣ-ҷамъиятӣ шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулмаро дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон, бевосита дар назди хати сарҳади давлатӣ, ғайриқонунӣ бастанд. Дар иртибот ба ин, бо дарназардошти маълумотҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хулоса омада, қайд кардан лозим аст, ки дар ин шаклҳои иғвоангезӣ зархаридони хориҷиро ҷалб шудаанд, ки аз пуштибонии созмони байналмилалии террористӣ далолат мекунад. Умуман ташкилкунандагони чунин бетартибиҳо, ҷинояткориҳо ба пушту паноҳи ҳочагони хориҷӣ такя мекунанд, аз ин сабаб чунин ҷинояткоронро бо пушту паноҳашон пурра решакан намудан лозим аст.
Мо боварӣ дорем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, нисбати ҳамммаслакони ҷинояткор Маҳмадбоқир ва амсоли ин барин ҳайвонсифатҳо, тибқи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ чораҳои саривақтӣ андешида мешавад, ҳуқуқи зиёиёни бофарҳанги Бадахшонро ҳимоя менамояд.
Дар интиҳои изҳороти хеш иброз менамоем, ки мо кормандони шуъба ҷудонашавандаи ҷамъият мебошем ва бояд масъуляти худро дар назди ҷамъият ҳис карда, дониши худро дар амалисозии сиёсати давлат, барои тарбияи ҷавонон бо ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандии онҳо сарф намоем. Ва бо боварӣ изҳор менамоем, ки халқи сулҳпарвари ВМКБ шукргузорӣ аз ҳаёти осоишта, осмони соф намуда, минбаъд низ баҳри сулҳу суботи кишари соҳибистиқлоламон талош меварзанд.
Мо мардуми Бадахшонро танҳо намегузорем!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *