АМАЛҲОИ НАВБАТИИ ГУРӮҲҲОИ ҶИНОЯТПЕША АЁН АСТ!

Дар ин рӯзҳо дар расонаҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзноманигорон, таҳлилгарон, сиёсатмадорон, сарварони ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои гуногун андешаҳои худро баён менамоянд. Мо низ худро бетараф нагузошта, ин навбат низ оид ба фаъолияти созмону гурӯҳҳои ҷиноятпеша андешаи хешро иброз медорем.
Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки солҳои охир роҳбару аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва саркардагони гурӯҳҳои муташаккили Бадахшон бо ҳар роҳу восита, мехоҳанд, субботу оромӣ ва низоми ҷомеаи моро аз байн баранд. Яке бо иғвою дасисаҳои худ дастовардҳои кишвар ва дигаре бошад рушди босуръати Бадашонро нодиди мегирад. Пӯшида нест, ки ҳатто давлатҳои пешрафта ҳам камбудӣ доранд. Вале, бо танҳо камбудиро дар хориҷ гуфтан, одамонро ба гирдиҳамоӣ даъват намудан ва байни мардум иғво ангезондан камбудиҳо ҳал намегарданд.
Вобаста руйдодҳои рузҳои охири соли равон хулосабарорӣ намуда, бояд қайд намуд, ки ҷиноятҳои содирнамудаи бадҳоҳони миллат, аз ҷумла гуруҳҳои муташаккили ҷиноятии Бадахшон, ба ҳама маълуму аён аст. Мардуми кишвар, алалхусус сокинони Бадахшон ҳақиқатро аз дуруғ фарқ карда метавонанд. Воқеан мардуми азизи Бадахшон воқеияти ҳолро маҳз бо чашми хирад ва воқеъбинона менигаранд. Ин ҳолатро бархе гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, сарфи назар карда, боз чун солҳои қаблӣ худбохтагону нохудогоҳон, лошахӯрони хориҷиҳо ва душманони миллату меҳани тоҷик, ки бо суханони бемантиқонаю беасосу пӯч ҳамеша бар сари мардуми мо, тоҷикони тоҷдор санги маломат мезананду бо ҳар роҳу воситаҳо ҷиноятҳои вазнин содир менамоянд. Таҳлилу мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки ҷинояткорон бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалии террористӣ силоҳу лавозимоти ҷангиро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ дастрас карда, барои анҷом додани амалҳои террористӣ ва дигар шаклҳои иғвоангезӣ зархаридони хориҷиро ҷалб менамоянд. Чунончи 17 майи соли 2022 аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади халалдор сохтани вазъияти сиёсӣ-ҷамъиятӣ шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулмаро дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон, бевосита дар назди хати сарҳади давлатӣ, ғайриқонунӣ бастанд. Қайд кардан зарур аст, ки ин амали номатлуби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар ноҳияи Рӯшон, ки аз ҷониби созмонҳои байналхалқии террористӣ тарҳрезӣ ва маблағгузорӣ гардидааст, аломати ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ҷой доранд. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ ва барқарорсозии ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт тавассути шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулма дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардидааст. Бояд гуфт, ки имрӯз дар Тоҷикистон имконият ва захираҳои бузург баҳри таъмини амну субот арзи вуҷуд доранд ва ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки фазои сулҳу субот ва оромии кишвар халалдор гардад.
Мо боварии комил дорем, ки дер ё зуд гурӯҳҳои ҷиноятпеша барои содир намудани ин амали навбатиашон дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳанд гуфт!

Ф.ҚУРБОНОВ,
ассистенти кафедраи
молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *