Изҳороти омўзгорони кафедраи забонҳои русӣ ва тоҷикӣ доир ба намоиши филми мустанад бо номи “Бозгашт аз ҷаҳаннам”

Чуноне, ки таҳлилҳо собит месозад, вақтҳои охир бо шарофати расонаҳои алтернативие чун «Интернет», намоишҳои филми мустанад паҳлуҳои фаъолияти сиёҳи ҲНИ ва роҳбари он ошкор мегардад.  Баъд аз тамошои филми мустанад бо номи “Бозгашт аз ҷаҳаннам”, маълум гардид, ки яке аз асосгузори ҲНИ бо номи Сатторов Аёмиддин доир ба рафтору кирдорҳои хиёнаткоронаи роҳбари ҳизб М. Кабириро шарҳу эзоҳ дода, айбдор намудааст. Мо омўзгорони кафедра оид ба масоили мазкур ибрози андеша намуда қайд менамоем, ки собиқадори ҳизб Сатторов А. амалҳои террористии солҳои 2011-2015 дар қаламравӣ ҷумҳуриамон руҳдодаро, роҳбари ҲНИ. М.Кабириро айбдор шуморида, ташкилкунандаи гунаҳкори асосӣ мешуморад. Бо баробари ин,таъкид шуд, ки амалҳои мудҳиши дар Камаробу Хоруғ ва амали нохалафонаю ноҷавонмардонаи Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим) дар соли 2015  содир шудааст,аз ҷониби бо маблағгузории Ҷумҳурии Исломии Эрон ба анҷом расонида шудаанд.

Мо омўзгорони кафедра баъд аз иқрору тасдику ин ҳодисаи барои халқу миллати мо хос набударо,ки аз ҷониби ҲНИ, хоса роҳбари он М.Кабириро сахт маҳкум карда даъват менамоем имрўз ҳар яки моро зарур аст, ки аз падидаҳои нохуши руйдода хулосаи зарурӣ бароварда, барои тарбияи ҷавонон дар руҳи ватандўстӣ, худогоҳи миллию худшиносӣ беш аз пеш талош варзем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *