Вазифаи ҳар як фарди сулҳҷў ҳифзи Истиқлолият ва Ваҳдати миллии Тоҷикистон мебошад!!! (вокуниш дар ҳошияи филми мустанади “БОЗГАШТ АЗ ҶАҲАННАМ”)

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомали Раҳмон дар баромадҳояшон аз ҷумла аз минбари баланди СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалӣ таъкид менамояд, ки Тоҷикистон ва истиқоматкунандагони он дар ҳама давру замони соҳибдавлат буданашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд, ҳастанд ва дар ояндаи наздик ва дурр зидди вайронкорон, дасисабозон ва ҷангҷўён мубориза мебаранд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Истиқлолият ва Ваҳдати миллии Тоҷикистон худ аз худ барқарор нашудааст. Кўшишҳои бисёри ба харҷ додаи Пешвои миллат ва халқи сулҳдўсти Тоҷикистон буд, ки имрўз мо дар фазои ором ва озод зиндагӣ ба сар мебарем ва дар фаъолияти тарбиявии худ оқибати манфии шароити номуташанниҷ ва мусбии бунёдкорони тинҷиву оромиро ба донишҷўён, аҳолии атрофии ҳудуди зиндагии худ мефаҳмонем ва онҳоро огоҳ менамоем, ки сулҳ, тинҷӣ, оромӣ асоси зиндагии пурфайзу пурбаракоти мо мебошад, аз ин рў вазифаи ҷонии ҳар яки мо онҳоро ҳамчун гавҳараки чашми худ эҳтиёт кардан аст.

Пахши филмҳои «Решаҳои ноаён» «Манқурт» ва «Бозгашт аз ҷаҳаннам» баёнгари он аст, ки душманони миллат, хосса ташкилоти ТЭТ ҲНИ мехоҳад бо ҳар роҳу восита теша ба решаи миллат занад. Махсусан идеологияи хушгӯиҳои Кабирӣ бо дасти шогирдонаш боис гардида, ки тақдири  садҳо ҷавонони тоҷик ба кӯи навмедиву ғарибӣ афтад. Афсӯс, ки ҷавонони кӯтоҳандеш ба гуфтаҳои калонсолон, зиёиён ё хабару ҳодисаҳое, ки аз дасти ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва ифротӣ дар олам рух медиҳад, сарфи назар мекунанду худро ба вартаи ҳалокат меафкананд. Инро суханони Аёмиддин Сатторов яке аз саркардаҳо ва фаъолони ҲНИ дар филми «Бозгашт аз ҷаҳаннам» исбот мекунад.

Мо омўзгорон бояд ҷавононро ба ватандўстиву, меҳанпарастӣ ва инсондўстӣ ҳидоят намоем, ба онҳо дар ин роҳ ибрати намуна бошем. Ба ҷавонон мафҳуми ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари моддиву маънавии вазнин барои башарият, тағйири сохти конститутсиониро мунтазам фаҳмонем. Зеро, ҷавнон ҳамчун қувваи бузургу созанда дар мубориза бо ин вабои асри XXI, бо ин зуҳурот бояд тамоми ҳастии худро сарф намоянд ва ғофил намонанд, то ки дар оянда фарзандони онҳо ба ғуломӣ гирифтор нашаванд.

Усмонов Ирмат,
профессори кафедраи
менеҷменти ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *