Мо омўзгорон мехоҳем диққати ҳамагонро доир ба филми мустанад таҳти унвони “”Бозгашт аз ҷаҳаннам””фикрамонро баён намуда, ба масоиле, ки имрўз ба ҷомеаи кушоди мо аз ҷониби ватанфурўшони бадкина- ТТЭ ҲНИ бо ҳаргуна роҳҳо Тоҷикистони орому осуда ва сулҳовар, байни мардумони бофарҳангу худшиносу худогоҳаш зиддияту нифоқу кина барангезанд,ҷалб менамоем. Бояд қайд кард, ки Аёмиддин Сатторов дар филми мустанад раиси ҲНИ Муҳиддин Кабириро айбдор мекунад, ки ў одами мазҳабӣ нест, балки аз аҳли тиҷорат буда, аз парчами Ислом барои пешбурди манфиатҳои тиҷоратиаш истифода бурда, молу мулк ва сарвати зиёд ҷамъ овардааст.Ин далелҳоро мо солҳои қалби огаҳи доштем,вале мо омузгорон калимаи “тоҷир”-ро нисбати фаъолияти ҳизбии М.Кабирӣ маънидод мекунем. Ба андешаи мо “тиҷорат”-и М.Кабирӣ ин хариду фурўши адлу инсоф, хиёнатгарӣ, ватанфурўши, пайвандону хешовандонро гумроҳ кардан аст. Хоҷагони хориҷиаш беҳуда маблағгузорӣ накардаанд! Нақшаи нопоки онҳо ба ҳамагон маълум аст.
Хулоса, Кабирӣ М. барои иҷрои рисолати хиёнату ватанфурўшии худ, қодиранд на танҳо аз баҳри ин сарзамину хонаву дар бароянд, балки бар муқобили Ватани худ, модари худ овоз баланд кунанд, гапи носазо, дашному ҳақорат гӯянд ва то ҳатто санг бар ҷониби ин замини муқаддас зананд. Ин аст “тиҷорат”-и имрўзаи роҳбари ҲНИ
Мо омўзгорон дарк мекунем ва исбот ҳам шуда истодааст, ки ТТЭ ҲНИ таҳти роҳбарии М. Кабирӣ ва ҳамммаслакон бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нопокашон хеҷ гоҳ ба мақсад нахоҳанд расид. Зеро имрўз мардуми бонангу номуси шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рўз аз рўз аз моҳияти гурўҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону ватанфурўш, ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд, муборизаи беамон бурда истодааст ва дар оянда низ хоҳад бурд.