Аёмиддин Сатторов ҳақиқатро мегӯяд…

Фоҷиаҳои солҳои 90-ум барои мардуми сарзамини Тоҷикистон фаромушнашаванда аст. Решаи ба вуҷуд омадани ҷанги шаҳрвандӣ ин ба гуруҳҳои бо ҳамдигар зид ҷудо кардани ҷамъият буд. Яке аз чунин қувваҳои ҷудоихоҳ ин рӯҳониёни бо идеологияи ваҳҳобӣ мусаллаҳ буданд, ки ақидаи худро ба ақидаи мазҳабӣ Имоми Аъзам муқобил гузошта, диндоронро дар ду гуруҳҳои мухолифин ҷудо намуданд. Аз ин кашмакашиҳои бемаънӣ дар навбати аввал олимон, нобиғаҳову ҷавонмардони миллат зарар диданд. Ҳаёти осоиштаи мардум халалдор шуда зиёда аз 150 ҳазор аҳолии осоишта кушта шуданд, зиёда аз 1 млн аҳоли муҳоҷир шуданд. Мо ҷавонони имруза барои ҳимояи ватани соҳибистиқлоламон бояд устувор бошем. Дар асрҳои миёна ва таърихи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурўҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидан мехостанд ба халқи оддӣ зулм карда мақсадҳои худро амалӣ кунанд. Ҳоло ҳам амалҳои ифротгароӣ, экстримистӣ, террористӣ боиси кушта шудани теъдоди зиёди одамони бегуноҳ гардида истодааст.

Пахши филмҳои «Решаҳои ноаён» «Манқурт» ва «Бозгашт аз ҷаҳаннам» баёнгари он аст, ки душманони миллат, хосса ташкилоти ТЭТ ҲНИ мехоҳад бо ҳар роҳу восита теша ба решаи миллат занад. Махсусан идеологияи хушгӯиҳои Кабирӣ бо дасти шогирдонаш боис гардида, ки тақдири  садҳо ҷавонони тоҷик ба кӯи навмедиву ғарибӣ афтад. Афсӯс, ки ҷавонони кӯтоҳандеш ба гуфтаҳои калонсолон, зиёиён ё хабару ҳодисаҳое, ки аз дасти ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва ифротӣ дар олам рух медиҳад, сарфи назар мекунанду худро ба вартаи ҳалокат меафкананд. Инро суханони Аёмиддин Сатторов яке аз саркардаҳо ва фаъолони ҲНИ дар филми «Бозгашт аз ҷаҳаннам» исбот мекунад.

Дар бораи он ки ба Аёмиддин Сатторов аз таҳдиду зуроварӣ истифода кардаанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолиб ба нашр расид. Аслан чунин нест ва худи А. Сатторов борҳо изҳор медорад, ки ман ҳақиқати ҳолро гуфтам ва ҳеҷ кас нисбати ман таҳдиду фишорро ба кор набурдааст. Ӯ зикр мекунад, ки аз корҳои анҷомдодааш пушаймон аст ва имрӯз дар Тоҷикистон озодона дар ҳалҷаи фарзандон зиндагӣ дорад.

Албатта, як нукта мусаллам аст, ки ҷавонон бояд соҳибмаърифату соҳибилм бошанд ва ҳеҷ гоҳ пайрави афкори бегонагон нагарданд. Мо хуб медонем, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, бегонапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери танқид гирифтааст.

Маҳадёров Б.Х
ассистенти кафедраи
 МО ва ТИ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *