ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ЗАБОНҲОИ ТОҶИКB ВА РУСӢ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБУ ГУРEҲҲОИ ИФРОТӢ ДАР ХОРИҶИ КИШВАР

 

Мо, омӯзгорони кафедра вобаста ба муҳимтарин масъалае, ки имрӯз ба ҷомеаи кушоди мо якчанд ашхосони ватанфурӯши бадкина бо ҳаргуна суханҳои беасосу дуруғу бемантиқи худ мехоҳанд дар Тоҷикистони орому осуда ва сулҳовар, байни мардумони бофарҳангу худшиносу худогоҳаш боз зиддияту нифоқу кина кӯшиш доранд, ибрози ақида намоем. Дар иртибот ба ин бояд қайд кард, ки имрӯзҳо фаъолияти ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ дар кишварҳои ғарбӣ худро ҷабрдидаи сиёсӣ ва намояндагони қувваҳои демократӣ муаррифӣ намуда, бо фиребу найранги навбатиаш аз ин кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ садҳо ҳазор доллар кӯмак мегиранд, ин ҳақиқат собит месозад, ки баъзе аз кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ низ огоҳона ё ноогоҳона терроризм ва экстремизмро маблағгузорӣ мекунанд. Хулоса, фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро ҳамчун фаъолияти ифротгаро ва террористӣ маҳкум менамоем. Воқеан мардуми бонангу номуси шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рӯз аз рӯз аз моҳияти гурӯҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону ватанфурӯш, ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд, муборизаи беамон бурда истодааст . Бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *