Изҳороти омӯзгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ оид ба қазияи Қазоқистон

        Мо устодони кафедра оид ба ќазияи Ќазоќистон хулосабарорї намуда, зимни изњороти хеш иброз медорем.

        Мусаллам аст, ки рӯзҳои аввали моњи январи соли 2022 дар Љумњурии Қазоқистон дар шаҳрҳои Жанаозен, Актауи вилояти Манғистау ва сониян дар шањри Алма-Ато бо баҳонаи гароншавии арзиши гази табиӣ ба майдонҳову кӯчаҳо ҷамъшавии аҳолӣ ва баъдан пешниҳоди талабҳои сиёсӣ, оғози бетартибиву нооромиҳо гардид. Нињоят вазъият дар 14 шањру ноњияњои Казоќистон торафт душвор гашта, бо мудохилаи кишварҳои сеюм, террористон ва ҷинояткорони мусаллаҳ бо яроқу аслиҳаҳои замонавӣ, аз љумла яке аз  шаҳри калонтарини ин кишвар Алма-Аторо ба харобазор табдил доданд. Дар робита ба ин  дар Қазоқистон тӯли ду ҳафта вазъи изтирорӣ ҷорӣ шуда, Президенти он Қосим-Жомарт Тоқаев ҳукуматро ба истеъфо фиристод ва Шӯрои амнияти ҷумҳуриро ба раҳбарӣ гирифт.

           Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим -Жомарт Тоқаев дар яке аз суханрониҳои хеш ишора намуд, ки “Дар ҳодисаҳои фоҷиабори Қазоқистон гурӯҳҳои террористию ифротие, ки дар хориҷи кишвар амал мекунанд, даст доранд”. Вобаста ба ин њолат Қосим -Жомарт Тоқаев ба Созмони Ањдномаи амнияти дастаљамъї (СААД) барои кўмак ҷиҳати рафъи хатари террористӣ муроҷиат кард. Худи ҳамон шаб Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД дар иртибот ба муроҷиати Ж.Тоқаев тасмим гирифт, ки нерӯҳои дастҷамъии посдори сулҳ ба ќаламрави Љумњурии Қазоқистон фиристода шаванд.

           Тибқи қарори Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД, ки 6 январи соли 2022 қабул шуда буд, неруҳои дастҷамъии посдори сулҳи СААД барои ба эътидол овардани вазъ дар як муддати кӯтоҳ ба Љумњурии Қазоқистон фиристода шуданд. Ба ин гурӯҳ воҳидҳои неруҳои мусаллаҳи  Федератсияи Русия 3000 нафар , Ҷумҳурии Беларус 500 нафар , Ҷумҳурии Қирғизистон 150  нафар ва Арманистон 70 нафар низомиёнро фиристоданд.

          Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мувофиқи анъанаҳои неки тоҷикӣ ва принсипи инсондӯстона, қарори Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД дастгирӣ намуданд ва  ба ин кишвар 200 нафар афсар сафарбар карда шуданд. Бояд ќайд кард, ки 13 январи соли 2022 баъд аз муътадил овардани вазъият дар ҳамаи минтақаҳои Љумњурии Ќазоќистон ҳайати нерӯҳои сулҳҷӯёнаи  СААД  ба кишвари хеш баргаштанд.

   Бояд ёдовар шуд, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор шуданд.Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамсоягони нек ва шарикони стратегӣ мебошанд. Мардумони ду кишварро равобити бародарона, ки бар анъанаҳо ва арзишҳои муштарак асос ёфтаанд, мепайванданд. Ҳоло муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, тиҷоратӣиву иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва ғайра бомуваффақият густариш меёбанд

           Дар интињои изњороти хеш аз сабаби ба ҳалокат расидани кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва аҳолии осоиштаи кишвар ба мардуми бародари Қазоқистон изҳори тасаллият менамоем ва таманно дорем, ки  њамеша дар ќаламравї Ҷумҳурии Қазоқистон оромиву суботи ҷомеа  пойдор монад. Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари кишварњои Иттињоди давлатњои мустаќил ҳама давру замон барои кишварҳои дӯсту бародари ќазоќ кумаки амалии хешро дареѓ намедорад ва ин мояи ифтихору шукронаи мардуми ин ду кишвар мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *