АНДЕШАҲО ОИД БА ҚАЗИЯИ ҚАЗОҚИСТОН

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои пуртазоди ҷаҳони сиёсӣ, масъалаҳои таъмини амнияти давлат дар мадди аввал меистанд ва яке аз омилҳои асосии рушди устувор дар ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Имрӯзҳо инсоният ба мушкилоти зиёди глобалӣ, аз ҷумла, терроризму экстремизм, радикализми динӣ, хурофотпарастӣ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҷиноятҳои киберӣ рӯ ба рӯ гаштааст. Масалан вазъияти ноњанљори сиёсиву иљтимої, љанги хонумонсўзу таркишњою кушторњо дар Афѓонистони њамсоя ба вуќўъ пайвастанд, мањсуб меёбанд. Имрўз дар Афѓонистон тақрибан 20 гурӯҳи террористӣ фаъолият мекунанд. Баробари ин бо таваҷҷӯҳ ба минтақаи Осиёи Марказӣ, бояд қайд кард, ки амалҳои гурӯҳҳои террористиву ифротгаро барои кишварҳои ин минтақа низ таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунанд.
Тавре ба ҳама маълум аст, рӯзҳои аввали соли 2022, эътирозҳои оммавӣ дар Љумњурии Қазоқистон дар шаҳрҳои Жанаозен ва Актауи вилояти Манғистау бо сабаби баланд гардидани нархи гази моеъ оғоз шуданд. Баъдан эътирозҳо ба 14 шаҳри калони ин мамлакат, аз љумла Алма-Ато паҳн шуданд. Дар Қазоқистон тӯли ду ҳафта вазъи изтирорӣ ҷорӣ шуда, Президенти он Қосим-Жомарт Тоқаев ҳукуматро ба истеъфо фиристод ва Шӯрои амнияти ҷумҳуриро ба раҳбарӣ гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим -Жомарт Тоқаев дар суханрониҳои худ аз 2-7 январи соли 2022 ишора намуд, ки “Дар ҳодисаҳои фоҷиабори Қазоқистон гурӯҳҳои террористию ифротие, ки дар хориҷи кишвар амал мекунанд, даст доранд”. Аз ин лиҳоз, Президенти ин кишвар ба Созмони Ањдномаи амнияти дастаљамъї (СААД) барои кўмак ҷиҳати рафъи хатари террористӣ муроҷиат кард. Худи ҳамон шаб Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД дар робита ба муроҷиати Ж.Тоқаев тасмим гирифт, ки нерӯҳои дастҷамъии посдори сулҳ ба ќаламрави Љумњурии Қазоқистон фиристода шаванд.
Пеш аз он, ки доир ба масоили мазкур андешаи хешро иброз намоем, оид ба муносибати байналмилали кишвари мо бо ин љумњурї ёдовар шудан бамаврид аст. Воќеан таърих гувоњ аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон муносибатҳои неки бародарона, таъриху фарҳанг, таҷрибаи зиндагии якҷоя дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар солҳои соҳибистиқлолӣ пайванд менамоянд. Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор шуданд.Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамсоягони нек ва шарикони стратегӣ мебошанд. Тоҷикистон ҳангоми ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дучор гаштан, як кишвари дар ҳоли рушд буд, ки дар мамлакат ҳатто артиши касбӣ ҳам ташкил нашуда буд. Дар чунин вазъияти вазнину пурҳассос маҳз ёрии башардӯстона ва ҳарбии кишварҳои дуру наздик, аз ҷумла Ҷумҳурии Қазоқистон буд, ки ба ин саҳифаи талхи таърихи мо хотима бахшад. Аз ин лиҳоз, нақши неруҳои посдори сулҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тоҷикистон, ки ба он афсарони Ҷумҳурии Қазоқистон низ дохил мешуданд, дар таҳкими сулҳу субот дар кишвари мо бетараф набуданд. Мардуми Тоҷикистон некиро ҳаргиз фаромӯш намесозад ва дар вақтҳои мушкилу ҳассос доимо дасти ёрии худро мерасонад. Сараввал бояд қайд намуд, ки бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 сентябри соли 2021 афсари қазоқистонӣ Батрканов Раҷан Армиевич бо мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ордени “Спитамен”, дараҷаи 1 қадрдонӣ карда шуд. Ин нишонаи қадрдонии афсарони қазоқистонӣ дар тањкими сулҳу субот дар кишвари мо аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар маҳсуб меёбад.
Чуноне ки дар боло доир ба ќазияи Ќазоќистон зикр гардид, рӯзҳои аввали соли 2022 дар Љумњурии Қазоқистон вазъият торафт душвор гашта, бо мудохилаи кишварҳои сеюм, террористон ва ҷинояткорони мусаллаҳ бо яроқу аслиҳаҳои замонавӣ, шаҳрҳои бузургтарини ин кишварро ба харобазор табдил доданд.
Тибқи қарори Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД, ки 6 январи соли 2022 қабул шуда буд, неруҳои дастҷамъии посдори сулҳи СААД барои ба эътидол овардани вазъ дар як муддати кӯтоҳ ба Љумњурии Қазоқистон фиристода шуданд. Ба ин гурӯҳ воҳидҳои неруҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия 3000 нафар , Ҷумҳурии Беларус 500 нафар , Ҷумҳурии Қирғизистон 150 нафар ва Арманистон 70 нафар низомиёнро фиристоданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мувофиқи анъанаҳои неки тоҷикӣ ва принсипи инсондӯстона, қарори Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД дастгирӣ намуда, ба ин кишвар 200 нафар афсар сафарбар карда шуданд.
Бояд ќайд кард, ки 13 январи соли 2022 баъд аз муътадил овардани вазъият дар ҳамаи минтақаҳои Љумњурии Ќазоќистон ҳайати нерӯҳои сулҳҷӯёнаи СААД ба кишвари хеш баргаштанд.
Баробари ин қайд зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати аз ҷанги таҳмилӣ азияту мушкилоти зиёд кашида, намехоҳад, ки кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба буҳронҳои сиёсӣ дучор шаванд. Тоҷикистон ҷонибдори он ҳаст, ки дар кишварҳои ҳамсоя сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва кишвари мо тавонад бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ намояд. Вале, мутаассифона, баъзе доираҳои манфиатҷӯ ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша ташаббуси фиристодани неруҳои дастҷамъии посдори сулҳи СААД аз Тоҷикистон ба Қазоқистонро нодуруст дарк намуда, тариқи сомонаҳои иҷтимоии Фейсбук, Твиттер ва дигар телеграмм-каналҳо ба иғвоангезиву ноором сохтани фазои ҷомеаи Тоҷикистон менамоянд. Ҳадафи асосии онҳо ташаккули афкори зиддидавлатӣ ва ноором сохтани давлат аст.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо бо таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ баъзе аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳи кишвари мо ба доми гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат мекунанд ва обрӯи мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ шарманда месозанд. Аз ин лиҳоз, ба кулли шаҳрвандони кишвар, алалхусус ҷавонон дар фарљоми андешаи хеш муроҷиат карда, гуфтани ҳастам, ки ҳангоми ворид шудан ба фазои интернет ҳамеша бомаърифату бомулоҳиза, ҳушёру зирак ва барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои кишвар омода бошанд. Зеро, манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти давлат аз дигар манфиатҳо волотару афзалтар мебошанд.

ҲОШИМОВ Ф.Ҷ.,
муаллими калони
кафедраи ҷомеашиносӣ,
ДИС ДДТТ дар ш. Хуҷанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *