Имрўзњо роњбару њаммаслакони ТТЭ ЊНИ ва думраваш Гуруњи – 24 аз афзалияту имконияти шабакањои иљтимої васеъ истифода бурда, бо ҳар гуна филму наворҳое, ки пур аз тӯҳмату буҳтону маълумотҳои бардарӯғ омода шударо кўшиш доранд ба мардуми тоҷик ба намоиш мегузоранд.
Тањлилњо собит менамояд, ки бадхоњони миллат, бахусус Кабирию Муњаммадиќбол ва Бењруз Таѓойзода он маводҳои фаҳшро аз ҳаёти сарзамини тоҷик мегиранду бо забони ноби тоҷикӣ омода мекунанд. Ин амали ифротии онҳо як навъи маблағкоркунӣ ва ё ҳисоботдиҳӣ ба хоҷагони худ бошад. Ин бадхоњони миллат имрўз дар хориҷи кишвар нишаста, ба рушду раванди давлатдории кишвари моро баҳогузорӣ мекунанду корашон кофтукоби айби касон асту халос. Умуман рафтору гуфтори бадхоњони миллат чун оина ба ҳар як фарди солимфикр равшан асту аён. Дар иртибот ба ин шоир фармудааст:
Айби худ аблаҳ надонад дар ҷаҳон,
Бошад андар ҷустани айби касон.
Баробари ин бояд ёдовар шуд, ки ба кишвари Аврупо гурехтани Кабирию наздиконаш ва аз дасти хориҷиҳо дастгири ёфтанаш ба ҳамин омилҳо ишорат мекунад, ки Кабирӣ дастнишондаи дасти террористони байналмилалист. Имрўз њизбро ба Паймони миллї номгузорї карда, боз аз пайи ҳамон корҳои ифлосаш аст. Аслан симои аслии Кабирӣ ва аъзоёну пайравони ТТЭ ҲНИ ошкор буд ва ошкор аст. Маълум аст, ки Паймони миллї аслан ҳамон ТТЭ ҲНИ асту баҳри расидан ба мақсади худ ҳам ифротиву ҳам иртиҷоӣ аст.
Дар фарљоми андешаи хеш ќайд кардан зарур аст, ки амалҳои бадахлоқонаи њаммаслакони ТТЭ ҲНИ, Гуруњи -24, ки тариқи ВАО пахш мегарданд, аз беимонию бевиҷдонӣ ва пастфитратї ва хиёнатомези онҳо гувоҳї медињад. Мо њамаваќт суханњои Кабирї ва пайравони ТТЭ ЊНИ-ро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки ин мунофиќони беимон дар шабакањои иљтимої нисбати кишвари соњибистиќлоламон сухан гӯянд!
ДИЛАФРӮЗ ҲОМИДОВА ,
муҳаррири шӯъбаи табъу
нашри ДИС ДДТТ