МО ДАР ВАО

ИҶОЗАТ БА ТАШКИЛИ ИХТИСОСҲОИ НАВ
Нишасти матбуотии директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан дар бинои нави таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, воқеъ дар маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд доир гашт. Дар оғоз бо роҳбаладии директори донишкада рӯзноманигорон аз синфхонаҳои лингофонӣ ва компютерӣ, маҷлисгоҳ, толори конференсия, озмоишгоҳҳои молшиносӣ ва ташхиси сифати молҳои истеъмолӣ ва криминалистика, парки технологӣ, толори варзишӣ боздид намуда, бо раванди таълиму тарбия аз наздик ошно гардиданд.
Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишкадаи мазкур дар соли 2021 маълумоти муфассал дода, зикр намуд, ки тибқи Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар зинаҳои бакалавриат аз рӯйи 28 ихтисос, магистратура аз рӯйи 8 ихтисос, докторантура PhD аз рӯйи 4 ихтисос ва дар зинаи таҳсилоти олии дуюм аз рӯйи 5 ихтисос мутахассисон тайёр менамояд. Соли сипарӣ дар асоси қарори мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишкада баҳри пешбурди фаъолияти таълимӣ аз рӯи 8 ихтисоси нав иҷозат дода шуд.
Донишкада дорои се факултет ва 12 кафедра буда, ҷараёни таълим дар чор бинои таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Боиси қайд аст, ки заминаи моддию техникии донишкада ҷавобгӯи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Ҷараёни таълим дар чор бинои таълимӣ, ки аз 115 синфхонаи алоҳида иборатанд, ташкил карда шудааст.
Инчунин, дар донишкада ду адад китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ, толори интернет, озмоишгоҳҳои бонкӣ – таълимӣ, молшиносӣ ва муоинаи молҳои истеъмолӣ, криминалистика, синфхонаи компютерии тиҷорати электронӣ, синфхонаи компютерии инноватсионӣ барои омӯзиши барномаи 1С – корхонаҳо, синфхонаи компютерии таълимии омор, утоқҳои лингофонӣ, 2 маҷлисгоҳ бо 250 ва 90 ҷойи нишаст, толори Шӯрои олимон, толори конференсия, майдончаи варзиши замонавӣ ва 2 толори фитнесс, 2 парки технологӣ, 2 ошхона, хобгоҳи донишҷӯён ва бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст. Ҳамаи синфхонаҳо, толори варзиш ва биноҳои донишкада дар давраи сармо тариқи мутамарказ гарм карда мешаванд.
Дар донишкада шабакаи ALFA XPress амал менамояд. Дар он тамоми маълумотҳои донишҷӯён, аз ҷумла варақаи шахсӣ, ғоибҳо, холҳои ҳавасмандкунии донишҷӯён, натиҷаи санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои ниҳоӣ, маводи таълимӣ, таълимӣ-методии профессорону омӯзгорон ворид карда мешаванд, ки донишҷӯён ва омӯзгорон аз он васеъ истифода менамоянд. Санҷишҳо ва имтиҳонҳо тавассути шабакаи ягона қабул карда мешаванд. Донишҷӯ, баробари ба итмом расидани имтиҳон, имкон дорад бо баҳои худ шинос шавад. Ин тадбирҳо баҳри шаффоф гузаштани имтиҳон ва баҳогузории объективона мусоидат менамоянд. Тибқи иттилои роҳбарият, теъдоди профессорону омӯзгорон 252 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи умумии муҳассилин бошад, ба ҳолати 30 январи соли равон 3735 нафарро ташкил намуд.
Донишкада бо зиёда аз 60 донишгоҳҳои бонуфузи олам ҳамкории тарафайн барпо намуда, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд фаъолияти пурсамар дорад. Дар ин давра донишкада бо Донишгоҳи Омахаи Небраска ва Олд доминиуми Вирҷинияи ИМА созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Дар поёни нишасти матбуотӣ директори донишкада ба саволҳои рӯзноманигорон посухҳои мушаххас дода, барои ҳамкорӣ ва инъикоси воқеъбинонаи дастовардҳои донишкада ба онон арзи сипос намуд.
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *