ИЗҲОРОТИ омӯзгорони кафедраи ҷомеашиносӣ нисбат ба баромади М.Садриддин – ҳаммаслаки ТТЭ ҲНИ дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Мо устодони кафедра тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дида истодаем, ки яке аз ҳаммаслаки сиёҳдилу бадкинаи ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин имрӯзҳо бо навбат бо роҳбараш тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, дастовардҳои хурду бузурги Тоҷикистони соҳибистиқлолро нодида гирифта, ба ҳар амалҳои давлатдорон беасос туҳмату ғайбат менамояд. Ин навбат М.Садриддин дар оғози ҳафтаи моҳи майи соли равон асосан дар атрофи масоили муҳоҷирати меҳнатӣ баромад намуд. Бо шунидани суханҳои бемантиқи М.Садриддин ба назари кас шахсе намудор мешавад, ки дили торику пур кина дораду бадхоҳи мардум аст. Борҳо нисбати роҳбару пайравони ТТЭ ҲНИ гуфта будем, боз қайд менамоем, ки дар сарзамини биҳиштосо ба воя расида, имрӯз чун кӯрнамаки нобакори бешараф ба миллати худ, ба хоки сарзамини худ хиёнат мекунанд. Бинобар ин нагузорем, ки бадхоҳи миллат – М.Садриддини бешараф дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурӯғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишвари мо сухан гӯяд.
Дар фарҷоми изҳороти хеш иброз медорем, ки рафтору гуфтори пайравони ТТЭ ҲНИ, аз ҷумла М.Садриддин даъвоҳои пучу беъманӣ ва бепояаш дар бораи масъулият, одобу аҳлоқ, дину диёнат ва дигар насиҳатомези иғовоанезонааш бори дигар ба мардум нишон дод, ки миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистонро дар назди хоҷагони сармоядеҳу барномасозаш бадном кунад. Хулоса, ҳадафи душманонаи М.Садриддин ва ҳаммаслаки ТТЭ ҲНИ ба ҳамагон аён аст, ки он асосан байни мардуми осоишта низоъ андохтан ва ба фазои сулҳу амонии кишвар халал ворид сохтан аст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо шинохти чеҳраи манфури М.Сидриддин, суханбози мунофиқи бешараф, умуман аз ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ барои дур нигоҳ доштани аҳлу аёли хеш , бахусус ҷавонон кӯшиш ба харҷ дода, барои оромиву суботи кишвар ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *