ДУРӮҒПАРДОЗӢ ВА ДАСИСАБОЗИИ НАВБАТИИ М.САДРИДДИН ДАР ШАБАКАИ ИҶТИМОӢ

Дар ҷомеаи имрӯзаи мо, инсонҳое ҳастанд, ки барои пиёда намудани ҳадафҳои нопоки худ обру ва эътиқоди миллату мардуми тоҷикро зери суол баранд. Масалан имрӯз яке аз ҳаммаслаки ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин бо пуштибонии хоҷагонаш дар Аврупо қарор дошта, бо баҳонаҷӯю дурӯғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишвари мо суханҳои носолимро пеша намудааст. Мо бо санаду далел ва мисолҳои амиқ амалҳои хиёнтакорӣ ва бешарафии Муҳаммадиқболи Садриддин бохабар ҳастем ва нисбаташ ақидаамонро баён дошта будем. Таъкидан боз қайд менамоем, ки ин бешараф бар ивази чанд пайсаи хоҷагони хориҷии худ имону виҷдону шарафашро ба боди фано супурда, ҳоло дар пайи иҷрои супориши навбатии хоҷагони худ ҳар сақави дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, сухани беасос мегӯяд. Боз дар ҳафтаи аввали моҳи майи соли равон Муҳаммадиқболи Садриддини тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, асосан оид ба масоли муҳоҷирати меҳнатӣ сухан намуд. Чун солҳои қаблӣ дини мубини Исломро барои худ сипар нишон дода, ғояҳои ифротӣ паҳн намуд. Аз суханронии ин афроди бешараф бе ягон мушкилӣ фаҳмидан мумкин аст, ки пешаки ин баромадҳоро бо шахси масъули ТТЭ ҲНИ омода намудааст ва он ҳадафи худро дорад. Маълумоте, ки Муҳаммадиқболи Садриддин паҳн мекунад, пур аз тӯҳмат ва таблиғи хушунат алайҳи мардуми тоҷик аст.Умуман рафтору гуфтори М.Садриддини бешараф бори дигар собит мекунад, ки чунин шахсиятҳои ифротгарои беимон, аъмоли он гувоҳ аст, ки ин гуна афрод ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Хулоса, амалҳои раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ ҳеҷ умумияте ба дини мубини Ислом надорад ва танҳо бо истифода аз номи Ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад. Боз такроран қайд менамоем, ки Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз афроде мебошад, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар таҳлука афтодааст. Ин бешараф бар ивази чанд пайсаи хоҷагони хориҷии худ имону виҷдонашро ба боди фано супурда, ҳоло дар пайи иҷрои супориши навбатии хоҷагони худ ҳар сақави дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, сухани беасос мегӯяд. Ба хоинони бешараф – М.Садриддин гуфтанием, ки аз ҳар минбару барномаҳои ифротиаш номи Тоҷикистонро ба забон наорад!.Чунки ӯ дар асл ватанфурӯши бешараф ҳаст, ки ба ин таърих гувоҳ аст. Ба далелҳои раднопазир, ки дар филми хуҷҷатии кисми 7-уми “Хиёнат” бо номи “Бешарафӣ” ёдовар гашта, андеша намояд.
Ба ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ, бахусус М.Садриддинро таъкидан хотиррасон менамоем, ки тоҷики меҳанпараст гарчанде новобаста берун аз кишвар зиндагӣ ва ё муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта бошад ҳам, ватани худро дӯст медоранд ва баҳри ҳифзи сулҳу субот камари ҳиммат баста, маъруфгари Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанду обрую нуфузашро баланд бардошта, бо ин васила, саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Дар интиҳои андешаи хеш иброз медорем,ки мо ҷавонони боору номуси кишвар тӯҳмату ғайбат ва бадгумонии раҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро шадидан маҳкум карда, намегузорем, ки нохалафон ба мисли М.Садриддин бар зидди кишвари мо сухан гӯяд!
А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *