ИЗҲОРОТИ омӯзгорони кафедраи ҷомашиносии ДИС ДДТТ оид ба ҳодисаҳои фоҷиабори Қазоқистон

Мо омӯзгорони кафедраи ҷомеашиносӣ пеш аз зимни изҳороти хеш доир ба қазияи Қазоқистон, сараввал ба кулли мардуми кишвари бо мо дуст- миллати қазоқ бинобар бар асари ҳодисаҳои фоҷиабори рӯзҳои аввали моҳи январи соли 2022 дар робита ба талафоти зиёди ҷонӣ дар як қатор минтақаҳои кишвар изҳори ҳамдардии амиқ баён менамоем.
Доир ба қазияи мазкур ибрози андеша намуда, аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим -Жомарт Токаев ёдовар шуда, қайд менамоем, ки дар ҳодисаҳои фоҷиабори Қазоқистон гурӯҳҳои террористию ифротие, ки дар хориҷи кишвар амал мекунанд, даст доштанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо қайд кардан зарур аст, ки тарзи истифодаи технологияҳои мухталиф, аз қабили бастани пеши роҳи мошинҳои ҳарбӣ, тарзи ҳуҷум, усули ба тарафи “халқ” моил намудани афсарону аскарон, ваҳшиёна қатл намудани полисҳо ва ҳарбиён гувоҳи алоқаи қавӣ доштани исёнгарони Қазоқистон бо ҳаракату ташкилоти террористии хориҷист. Мақсадашон ташаккули афкори зиддидавлатӣ буда, онҳоро доираҳои муайяни хориҷӣ маблағгузорӣ менамоянд. Хушбахтона дар Қазоқистон вазъият рӯ ба оромӣ овард. Аммо ҳанӯз муташанниҷии вазъ эҳсос мешавад. Ба андешаи мо вазъ ором мешавад ва ин ҷо минбаъд нооромиҳо идома нахоҳанд ёфт.
Таҳлилҳо собит менамояд, ки садо баланд кардани гурӯҳҳои ифротӣ дар ин кишвар, ҳам барои Осиёи Марказӣ ва ҳам барои Авруосиё таҳдидҳои ҷиддӣ дар роҳанд. Ҳар гуна нооромиҳо дар Қазоқистон метавонад ба кишварҳои ҳамсоя таъсири манфӣ расонад, зеро Ҷумҳурии Қазоқистон аз нигоҳи ҷуғрофӣ ва нуфуз калон аст. Роҳҳои транзитии Қазоқистон ба Росияву Аврупо ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои кишварҳои минтақа роҳҳои ҳаётӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамлаҳо ба идораҳои давлатӣ, бонкҳо, беморхонаҳо кори дасти ифротиён аст, вале дигар омилҳоро низ бояд ба инобат гирифт. Зеро пушти ҳамаи ин низоъҳо коргардонҳои аслии он меистанд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба ин нукта сароҳатан ишора намуд, ки баъд аз таҳаввулоти Ховари Миёна ба монанди баҳори арабӣ ва даргириҳо дар Ироқу Сурия имкон ба вуҷуд омад, ки ҷавонони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла қазоқҳо дар ин даргириҳо иштирок намоянд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ исёнҳои силоҳнок, ба мисли амалҳои террористии Қазоқистон акнун як масъалаи муташанниҷи дохилӣ буда наметавонад. Зеро таъсири манфии он тавассути васоити ахбори омма ва фазои маҷозӣ ба тезӣ ба давлатҳои минтақа паҳн мешавад ва табиист, ки вокунишҳои гуногун ба миён меорад. Яъне, ба афкори умум таъсири манфӣ мерасонад. Яке аз мақсадҳои таҳаввулоти Қазоқистон низ маҳз ба вуҷуд овардани афкори умуми ифротӣ мебошад.
Воқеан воқеаҳои Қазоқистон нишон доданд, ки ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ на танҳо дар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қафомонда, балки дар кишварҳои нисбатан пешрафта низ реша давонда метавонанд. Чунки имрӯз доираи фаъолиятҳои экстремистию террористӣ торафт васеъ шуда, сарҳадҳои давлатиро убур намуда, ба як шабакаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Омилҳои пайдоиш ва барангезандаи терроризиму экстремизм, яъне ин ду амали хатарнок хеле зиёданд. Ба андешаи инҷониб, омилҳои аслии пайдоиш ва рушди ин зуҳуроти манфур аз ду ҷанба ва ё ду ҷиҳат иборат аст. Яке омилҳои дохилӣ, дигаре омилҳои хориҷӣ ё берунӣ. Дар атрофи ин масоил суолҳо бисёранд. Масалан чаро дар дохили як мамлакат ҷавонон ифротгаро ва радикал мегарданд? Чӣ боис мегардад, ки як ҷавон ягона роҳи давом додани зиндагии худро дар таҷовузу амалҳои интиҳорӣ мебинад ва ё умуман, худро аз ҳаёт маҳрум месозад? Бо кадом сабаб аз як ҷомеаи ниҳоят ором наздик ба ду ҳазор ҷавон чандин сарҳади давлатиро убур карда, ба Ироқу Сурия мераванд? Хонандаи закӣ ба суол ҷавоби хешро дорад. Ҳоҷат ба баён нест! Вале аз даъватҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шудан зарур ва ҳатмӣ аст. Сарвари кишвар зиёда аз бист сол мешавад, ки аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ доир ба масоили пешгирии тероризиму экстремизм, аз ҷумла ба қазияи Афғонистон диққати ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб менамоянд. Зеро вазъияти Афғонистон ба амният ва суботу оромии минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири бевосита дорад. Баробари ин Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии хеш аз 21.12.2021 қайд намуданд, ки ҳолати фоҷиабори дар ин кишвар баамаломада гуноҳи мардуми дорои тамаддун ва таъриху фарҳанги бисёр қадимии Афғонистон нест, балки натиҷаи дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии он мебошад, ки беш аз 43 сол инҷониб идома дорад. Воқеан ташаббусу даъватҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа, алалхусус ҷавонон оид ба ҳушёрии сиёсӣ, зиракиву дарки масъулият дар суботу пойдории сиёсӣ аз ҷониби бархе аз афрод мавриди беэътиноӣ мебошаду нишонаи бефарқиву бепарвоии онҳо ба солимии ҷомеа маҳсуб меёбад. Ҳаёти воқеии ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан воқеаҳои ҳафтаи аввали моҳи январи соли равон дар Ҷумҳурии Қазоқистон рухдода бори дигар исботи амалу ҳидоятҳои дурандешонаи Пешвои муаззами миллат мебошад.
Мо омӯзгорони кафедраи ҷомеашиносӣ дар фарҷоми изҳороти хеш, қайд менамоем, ки ҳар фарди солимфикру соҳибақл аз дирӯза имрӯз бояд андеша намояду қазоват фармояд, ки иблисони фитнаангези хориҷӣ ҳамеша дар талоши ғасби ҳокимияти давлатии кишварҳои гуногун мебошанду хоҳиши ҳукмронӣ тавассути шахсиятҳои зархаридро тарк накардаанд. Танҳо фарҳанги баланди сиёсӣ, сарҷамъиву Ваҳдати миллӣ, меҳанпарастиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ғурури миллӣ ва арзишҳои дигари ҷомеаи муттаҳид метавонад нақшаи дасисабозону иғвоангезонро барбод диҳаду муқовимати воқеиро замина гузорад. Бинобар ин, аз ҳамаи қишрҳои солимбунёди мамлакат, хусусан ҷавонони имрӯза эҳтиромона даъват менамоем, ки ҳидоятҳои абармарди мӯътабари таърихи навин – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ доимо сармашқи фаъолияти худ намоянд. Ба фитнагарону дасисабозони ифротӣ, аз қабили ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом, ДИИШ ва ҳоказо муқовимати шадид нишон диҳанд. Чунин амалҳо заминаи суботу пойдории сиёсӣ, ҳаёти орому осуда ва пешрафту иқтисодии кишвар мегарданду дараҷаи некуаҳволии мардум боло меравад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *