АҲАМИЯТИ ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯ ДАР ОРОМИИ ҶОМЕА

Тарбияи насли наврас, махсусан ҷавонон, яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти мардуми ҷаҳони муосир ба шумор рафта, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардуми давлатҳои дунё вобастагии калон дорад.
Консепсияи миллии тарбия сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, махсусан насли наврас, таълиму тарбияи фарзанд муайян месозад. Он моҳият, мақсаду вазифаҳо ва мазмуни тарбияи миллиро дар марҳилаи нави таърихӣ ба танзим оварда, нақш ва мақоми онро дар ташаккули шахсияти инсони комил муайян мекунад, ки яке аз вазифаҳои муҳимми имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста мешавад. Тарбияи наврасону ҷавонон, вазифаи ҳар як фарди ҷомеа ва муассисаву ниҳодҳои иҷтимоӣ мебошад. Барои он ки қонуну тартиботи ҷамъиятӣ то меъёри муайян риоя карда шавад, бояд робитаи падарону модарон ба он ниҳодҳои иҷтимоие, ки фарзандонашон дар онҳо таҳсил доранд, мустаҳкам карда шавад. Ин амал, агар аз як тараф ба кам шудани сатҳи ҷиноят дар байни наврасону ҷавонон мусоидат кунад, аз тарафи дигар, ба риоя шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» оварда мерасонад. Дар ин самт суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши созанда ва бунёдкорона дорад: «Имрӯз, ки мо зери парчами Ватан ва давлати соҳибистиқлол гирд меоем, бояд, пеш аз ҳама, ҷавонони мо мазмуну моҳияти арзишҳои истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро аз худ намоянд».
Дар дарвозаи донишгоҳи Стелленбоши Африкои ҷанубӣ навиштаҳои зерин овехта шудааст: “Нест кардани ҳар миллате ба истифодаи бомбаҳои ҳастаӣ, ё истифодаи мушакҳои дурпарвоз ниёз надорад.Он танҳо мунҷар ба коҳонидани сатҳи таълим аст ва таввасути донишҷӯён додани иҷозати фиребу тақаллуб дар имтиҳонот таҳқиқ мепазирад. Он гоҳ натиҷа ба ин минвол хоҳад буд: беморон аз дасти чунин пизишкон мемиранд. Биноҳо аз дасти чунин муҳандисон фурӯ мерезанд. Пул дар дасти чунин иқтисоддонон ва ҳисобдорон гум мешавад. Одамгарӣ аз дасти чунин “донишварон”-и дин мемирад. Адолат аз дасти чунин доварону қозиён зоеъ мегардад. Сукути низоми омӯзиш-сукути миллат аст”
Як нуқтаи назари хеле ҷолибе ҳаст. Аз нахуствазири Ҷопон пурсидаанд, ки чӣ гуна онон ба чунин пешрафте даст ёфтанд ва дар маҷоли фановарӣ (технология) ва илм пешсафи ҳама ҷаҳониён гаштанд?
Посух додааст: “Мо ба омўзгор моҳонаи вазир, масъулияти дипломат ва обрӯи императорро додем ва ин аст натиҷааш”.
Оре, маҳз ҷавонони эҷодкор, бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар, ки воқеан ҳам тафаккури созанда доранд, метавонанд тақдири ояндаи давлату миллат ва ҷомеаро созанда бошанд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳамаҷониба омӯзанд, аз равандҳои сиёсати имрӯзаи кишвар огаҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаю баргашта аз худ карда, аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд».
Сарвари давлат дар роҳи бунёду таҳкими давлати соҳибтамаддун ва бофарҳанг, нигоҳ доштани истиқлолияти давлатӣ нақш ва мақому мартабаи ҷавононро хело муҳим арзёбӣ менамоянд. Маҳз ҳамин истиқлолияти давлатӣ буд, ки барои рушду ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ ва тафаккури созандаи онҳо ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа тадбирҳои зиёде ба тасвиб расиданд, ба мисли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон», «Старатегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» ва ғайра. Ҳамаи ин санаду барномаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин қишри иҷтимоии ҷомеа ҷиддист. Ҷавонони мо ба қадри тинҷию амонӣ, ободиву оромӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мерасанд. Аз неъмати бебаҳои истиқлолияти сиёсӣ шукргузорӣ менамоянд, зеро медонанд, ки дар дунё давлату ҷомеаҳое ҳастанд, ки аз ҷиҳати ҳаҷму сарҳад, ё ин ки аз ҷиҳати миқдору шумора бамаротиб аз аҳолии ҷомеаи мо дида зиёдтаранд, вале мутаассифона, соҳибистиқлол нестанд, миллат надоранд, давлату забон надоранд, парешону пора – пора шуда истодаанд.
Тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, расму оини пешқадами ниёгон ва мероси ахлоқии гузаштагон, яке аз талаботи Консепсияи миллии тарбия мебошад. Бузургону хирадмандони тоҷик бо заҳмату талоши пайвастаашон тавонистанд, ки бароямон як фарҳанги волою ғанӣ ва инсонсозро ба мерос гузоранд. Ин фарҳанг чун ҳикмати ҳаётӣ саропо хайр аст, парчами хирадварзӣ, башардӯстӣ, эътиқод, сулҳу дӯстӣ ва ободию осудагӣ фаровонии неъматҳои зиндагист. Ҳамчунин ин фарҳанг шиносномаи миллии мост, ки тавассути он чеҳраи аслии анъанаю суннатҳои миллии мо, бузургии ҷашнҳои бостонии моро ҷаҳониён эҳсос ва дарк менамоянд. Ҷашнҳои арзишманди миллии тоҷикон баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, орзую ормон, расму оин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии онҳоянд.
Таълиму тарбия равандест, ки бояд дар якҷоягӣ ба роҳ монда шавад ва он фосиларо намепазирад. Он пайваста ва зина ба зина амалӣ мегардад. Агар каме таъхир намоем, таълиму тарбияи мо самараи хуб ба бор намеорад. Воқеаҳои замони муосир бори дигар исботи он аст, ки сари вақт таълиму тарбияи дуруст надодан ба фарзандон, инкишоф надодани тафаккур ва ҷаҳонбинии онҳо оқибати ногуворро ба бор меоварад.

Т.САЛИМОВ.,
сармутахассис оид ба
сомонаи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *