ДАР ТАРБИЯИ НАСЛИ СОЛИМ БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

Дар охири қарни ХХ ва ибтидои қарни ХХI инсоният ба хатари ҷиддӣ мисли ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои оламу одам таҳдид мекунад. Имрӯзҳо, ки таҳдиди хатари терроризм ва ифротгароӣ меафзояд, аҳли ҷомеаи солими тамоми сайёра, аз ҷумла мардуми кишвари моро низ бетараф гузошта наметавонад.

Бояд гуфт, ки гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ мехоҳанд, зиндагии ободу осудаи мо ва осудагии шахсии ҳар яки моро халалдор намоянд. Истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттиллоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои ташаккул ёфтани ин гуна гуруҳҳо гардида, боиси зиёд шудани теъдоди нафарони шомили ин гуруҳ мешаванд. Таассуфовар он аст, ки аз мақсади аслии ин гуруҳ бехабар бархе ҷавонони ноогоҳ фирефтаи доми ифротгароён шуда истодаанд.

Мо набояд роҳ диҳем, ки ҷавонон фирефтаву гумроҳ шаванду шомили ин гурӯҳҳои ифротӣ гарданд. Моро мебояд, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ҳадафҳои ғаразноки ифротгароёнро ба онҳо фаҳмонем. Ҷавонон бояд донанд, ки суханҳои пучу бемағз ва пулу сарвати хоҷагони аҷнабӣ ба манфиати онҳо нахоҳад буд. Зарур аст, ки аҳли ҷамоатчигӣ, маорифу фарҳанг, волидон, муассисаҳои таълимию касбӣ бо ҷавонон ҳама вақт дар робита бошанд. Ба онҳо моҳият, сабабҳои авҷгирии терроризм ва ифротгароиро фаҳмонанд. Онҳоро ба маҳфилҳои касбомӯзӣ ҷалб намоянд, ҳушдор диҳанд, ки бо варзиш ва машқи бадан машғул шудан омили муҳими саломатӣ ва худшиносию худогоҳист. Саҳмгузор будан дар ободию пешрафти Ватан ва омӯзиши ҳунарҳои аҷдодӣ насли навинро барои хуштарбияву хушахлоқ шудан мусоидат менамояд.

Албатта, ҳар як шаҳрванди ватандӯст ва боору номус дар муқобили ҳамагуна хатаре, ки ба давлат ва ватанаш таҳдид менамояд, мавқеи мухолиф дорад ва ба муқобили он мубориза мебарад. Барои устувории Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар саҳмгузор мешавад. Таъриху забони кишвари худро ба хубӣ меомӯзад, дар ин раванд ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ машғул шуда, дониши худро ғанӣ мегардонад.

Нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ қарор дода, барои тарбияи насли ҷавон дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ ватандӯсту меҳнатпарвар ва забондону маърифатхоҳ кӯшиш ба харҷ диҳем.

Донишҷӯёнро даъват ба амал орем, ки бештар китоби бадеӣ мутолиа намоянд, дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – ватани азизи ман», мусобиқаҳои варзишӣ иштирок намоянд, шаъну шараф, обрӯю эътибори худ, волидайн ва кишвари худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифгар бошанд.

Т.САЛИМОВ.,

корманди шуъбаи

муносибатҳои байналмилалӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *