ИЗҲОРОТИ омӯзгорони кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ ба сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони оид ба қазияи ноҳияи Рӯшон

Мо омузгорони кафедра, борҳо зимни изҳороти хеш нисбат ба бадхоҳони миллату давлат ибрози андеша намуда, онҳоро шадидан маҳкум намуда будем .Дар изҳороти навбатӣ доир ба қазияи ноҳияи Рӯшони ВМКБ, изҳори андеша намуда, қайд менамоем, ки дар моҳи майи соли равон аз ҷониби пайравони саркардагони гуруҳи муташаккили ҷиноятии “Хоруғи боло” Мамадбоқир гирдиҳамоӣ ташкил намуда, боз кӯшиш доштанд вазъи вилояти Бадахшонро ноором созанд. Воқеан мушоҳидаву таҳлилҳои соли равон собит менамоянд, ки душманони миллат пешравиҳои кишварро дида натавониста, аз хориҷи кишвар дар Бадахшон ба гурӯҳи муташаккили ҷиноии Мамадбоқиров Мамадбоқир кумаки моддӣ мерасонанд.
Мардуми бофарҳанги Бадахшон мефаҳманд, ки бо роҳи хиёнат ба халқу ватан, содиқ будан ба зархаридони хориҷӣ ягон беҳбудӣ ба даст овардан мумкин нест. Аз ҳодисаҳои нангини кишварҳои Қазоқистон, Белоруссия ёдовар мешавем, он гувоҳӣ медиҳад, ки зархаридони хориҷӣ роҳгумкардагони кишварамонро ҳамчун воситаи ба даст овардани мақсадҳои нопоки худ, яъне халал расонидан ба рушди осоиштаи кишварамон истифода мебаранд. Ҷинояткорон мехоҳанд сокинонро ба иғвою дасисаҳои беасосу бемаънӣ бо дуруғу буҳтон бархезонанд. Дар натиҷаи зиддиятҳои гурӯҳҳо, санаи 22 майи соли равон саркардаи гурӯҳи ҷиноӣ афроди ҷиноятпеша Мамадбоқир кушта шуд. Мо медонем, ки қаблан ҳаммаслаки ӯ Амриддин Аловатшоев, зимни муроҷиат изҳор намуда буд, ки ин роҳи онҳо ғайриқонунӣ аст ва Маҳмадбоқир бояд ба кирдорҳояш иқрор шавад. Лекин афсӯс, ки ӯ ин пешниҳоди ҳаммаслакашро нафаҳмида қурбони ғурури худ гардид. Чуноне, ки мегӯянд, роҳи каҷ ба манзил намебарад.
Барои саривақт гирифтани амали навбатии бадхоҳони миллат аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардида, корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.Хушбахтона имруз вазъият дар ноҳияи Рӯшон ором буда, ҳаракати нақлиёту фаъолияти идораю муассисаҳо бо реҷаи муқаррарӣ ҷараён дорад.
Таъкидан ба пайравони гуруҳҳои ҷиноятпеша, умуман ба бадхоҳони миллату давлат гуфтанием, ки ҳоло дер нашудааст, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим шаванду барои бадкирдориҳояш баҷои сазовор бинанд. Вагарна, рӯзе пушаймон мешавад. Пушаймонї суд надорад. Баробари ин, мо аҳли омӯзгорон ва кормандони кафедра ҳалли тезтари проблемаҳои минтақаи Бадахшонро хоҳонем ва ба аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни изҳорот андешаи хешро изҳор менамоем:
– бегонагон мехоҳанд тавассути бархе аз гумроҳони вилоят муҳити солими моро халалдор созанд;
– онҳо мехоҳанд, ки ҳарчӣ бештар тарафдорони худро дар вилоят пайдо кунанд;
– барои душманони хориҷии мо гумроҳон фақат воситаи амалӣ намудани ниятҳои нопок ба монанди ташкили бесарусомонӣ дар минтақа аст;
– душманони вилоят ва кишварамон мехоҳанд, ки чунин бесарусомониро дар тамоми кишварамон ташкил кунанд;
– таърихи бесарусомониҳои солҳои 90-ум, ки ташкилкунандагонаш ҲНИ мебошад ба мо дарси ибрат бахшидааст, ки набояд ба чунин хатогиҳо роҳ диҳем.
Мо омӯзгорони кафедра умедворем, ки халқи сарбаланду бофарҳанги вилояти Бадахшон фирефтаи суханони бардурӯғи душманони халқу миллат намегарданд. Танҳо дар сурати ҳамдигарфаҳмӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба пешрафт ва тараққиёт рӯ меоварад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *