Мусаллам аст, ки ҷаҳон ва минтақа дар вазъи мураккаб қарор дошта, хурдтарин иштибоҳи мо метавонад ҷомеаи осудаву ороми кишварро халалдор созад. Дар робита ба ин метавон қазияи дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ рухдодаро мисол овард, ки рузҳои моҳи майи соли равон, аз ҷониби пайравони саркардагони гуруҳи муташаккили ҷиноятпешаи “Хоруғи боло” Мамадбоқир Мамадбоқиров ин навбат низ гирдиҳамоӣ ташкил намуда, барои бесубот сохтани муҳити ороми Тоҷикистон рӯйрост ҷавононро ба қонуншиканиву фитнаангезӣ даъват намуданд. Ин гуруҳи бадандеш барои ба даст овардани мол ё маблағ, виҷдони худро фурӯхта, тибқи супориши иғвоангезонаи хоҷагони худ зидди сарзамини хеш амалҳои нопок ва ҷиноятӣ содир намуданд. Бояд ёдовар шуд,ки қаблан Мамадбоқиров Мамадбоқир ба таври ошкоро моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» ва моддаи 39-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барқасдона вайрон карда, дар маҳаллаи «Хоруғи боло»-и шаҳри Хоруғ гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро созмон дода , ба як қатор ҷиноятҳои вазнин, махсусан вазнин, инчунин терроризм даст задааст. Ӯ бо ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ ҳамкорӣ дошт. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо метавон қайд кард, ки Мамадбоқиров М. тавассути Алим Шерзамонов – ҷонишини роҳбари ТТЭ ҲНИ барои ташкили бетартибиҳои оммавӣ, халалдор сохтани вазъияти шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят маблағҳои калони пулӣ гирифта, бетартибиҳои оммавӣ ташкил менамуд. Таърих гувоҳ аст,ки зиёда аз даҳ соли охир дар ҳудуди шаҳри Хоруғ бо дасти як зумра саркардагони гуруҳҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла Мамадбокиров Мамадбокир, Зиёбеков Гулбиддин як қатор нооромӣ ва бетартибиро дар маркази вилоят ташкил ва роҳбарӣ карданд. Номбурдагон худро дар байни мардум “лидер” эълон намуда, ҷавононро ба ноором сохтани амнияти минтақа водор намуда, худ аз дури тамошобин шуданд. Ин навбат рӯзҳои охири моҳи майи соли равон дар ноҳияи Рӯшон бетартибиҳои ногуфтанӣ рӯй дод. Бояд қайд кард, ки санаи 22 майи соли равон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари ба ҳалокат расидани яке аз саркардагони гуруҳи терористиву ҷиноятӣ Мамадбокир паҳн гашт. Ин собит аз он мекунад, ки ҳақ ба ҳақдор мерасад. Дар изҳороти Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки дар натиҷаи муноқишаи байниҳамдигарӣ Мамадбокир ва ҳаммаслаконаш бо ҳам таниши лафзӣ карда, дар ин вақт номбурда ба ҳалокат мерасад. Ин нишона аз он аст, ки Мамадбоқир бо ҳамаслаконаш ҳам дуруст муомила намекардааст. Мамадбоқир агар нияти пок медошт аз дасти ҳаммаслаконаш кушта намешуд.Хулоса чоҳкан зери чоҳ аст!
Бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида хуосабарорӣ намуда, кайд менамоем, ки мо набояд ба таҳқири зодагони ин ё он минтақаи Тоҷикистон роҳ диҳем, зеро маҳалгароӣ боиси сар задани хусумат ва кинаву адоват байни манотиқи гуногуни кишвар мегардад. Мо ҳама тоҷику тоҷикзабонем. Ҳар шахсе, ки фикри ноором сохтани ин кишварро дорад, хоин, ҷосус ва душмани халқу миллати худ ҳисобида мешавад. Моро зарур аст, ки ҳамагуна вазъи низоъангезро дар минтақа тавассути музокира ҳаллу пешгирӣ намоем, то нерўҳои мухталифи манфиатхоҳро барои суиистифода намудан аз ҳолати мавҷуда, дасткўтоҳ намоем.
Дар интиҳои андешаи хеш бо боварии комил метавон қайд кард, ки мардуми сарбаланди Бадахшон ба дасисаву барангехтани кинаву адоват нисбати ҳукумат ва шохаҳои ҳокимият, ки аз тарафи шахсони ҷинояткор ва хоинони Ватан, ки аз хориҷ истода ба сӯи ин кишвари ободу осуда санги маломат мезананд, ҳеҷ гоҳ дода намешаванд. Воқеан мардуми сарбаланди ВМКБ пайрави қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемуру фарзандони баруманди ин мулки нотакрор ҳастанд.
Х. УМУРОВ,
ассистенти кафедраи
забонҳои тоҷикӣ ва русӣ