НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ҲИМОЯИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

1 Leave a comment on paragraph 1 0 Имрӯзҳо авзои ҷомеаи ҷаҳониро бисёр ноорому бесубот ва торафт шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир дар баъзе минтақаву кишварҳои сайёра, чун терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, сахт ба ташвиш овардааст. Инчунин, таъсири манфии тағийрёбии иқлим ва паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 вазъияти ҷаҳонро боз ҳам мураккабтар кард. Ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми кӯшишу тадбирҳои худро барои ҳаллу фасли муаммоҳои номбаршуда равона карда истодааст.
Дар чунин шароити ҷаҳони муосир, ҳар давлату миллат кӯшиш дорад, ки манфиатҳои миллии худро ҳимоя карда, сулҳу субот ва амнияти кишварро таъмин намояд. Ҳадафи асосии манфиатҳои миллӣ қонеъ кардани талаботҳои худи давлат аст. Аз ин рӯ, худмуҳофизаткунӣ, мустақилият, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, тақвияти артиши миллӣ ва шароити хуби иқтисодӣ дар маҷмӯъ принсипҳои асосии манфиатҳои миллии давлатро ташкил медиҳанд. Бояд қайд кард, ки ҳеҷ кадоме аз ин мафҳумҳои номбаршуда, дар алоҳидагӣ бартарӣ дошта наметавонад ва онҳо дар маҷмӯъ манфиатҳои миллиро ифода менамоянд.
Ҷавонон, ки табақаи асосӣ ва созандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, нақши онҳо дар ҳимояии манфиатҳои миллӣ ва таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва рушду тараққиёти кишвар хело муҳим арзёбӣ мегардад. Имрӯз, тибқи маълумоти оморӣ зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35 – сола ташкил медиҳанд ва маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Дар ин радиф, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар баромадҳои хеш таъкид менамоянд: “Ҷавонон-қувваи бузург ва ояндаи миллатанд.”
Бояд хотиррасон кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатии худ ба гирдоби љанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтод. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ, кишвари моро беқонуниву бенизомӣ фаро гирифта, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардиданд, даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакон ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар гуреза шуданд. Ҳамчунин, даҳҳо ҳазор кӯдак ятим монда, ҳазорҳо хонаи истиқоматӣ сӯзонида шуд ва садҳо корхонаву коргоҳҳо комилан нобуд гардиданд. Зарари умумии ҷанги шаҳрвандӣ маблағи беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод . Дар чунин шароити душвори пурҳасос барои миллати тоҷик ва Тоҷикистон, ки қадамҳои аввалинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо таҳдиди нестшавии давлат ва миллат гирифтор шуд, ниёз ба шахсияти наҷотбахш ба миён омад ва ин шахс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Агар азму ирода ва кӯшишҳои сиёсии Сарвари кишвари мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, аз даст додани истиқлоли давлатӣ як амри воқеӣ буд.
Баъд аз он, ки дар Тоҷикистон сулҳу субот пойдор гардид, дар назди Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи эҳё ва таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллии кишвар ба миён омад. Аз ин хотир, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи кишвар ҳадафҳои стратегии рушди босуботи иқтисодиёти миллиро қабул кард, ки онҳо аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар иборат мебошанд. Дар ин росто, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи гузариши иқтисодиёти мамлакатро аз шакли аграрӣ – индустриалӣ ба индустриалӣ – аграрӣ амалӣ гардонида истодааст.
Масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, сифати таҳсилот дар соҳаҳои илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Зеро, дар шароити имрӯза таъмини сулҳу субот ва амнияти давлат аз соҳаҳои илму маориф вобастагии бузург дорад. Ин масъала, дар моддаи 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амният» зикр карда шудааст: “Паст шудани сифати таҳсилот ва нерӯи зеҳнии мамлакат ҳамчун таҳдид ба амнияти давлат арзёбӣ мегардад” .
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 фоизи онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, сарзамини пур аз ганҷу сарватҳои табииву зеризаминӣ мебошад. Имрӯз, Тоҷикистон соҳиби захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ва минтақа ба ҳисоб рафта, яке аз кишварҳои риоякунандаи принсипҳои «энергияи сабз» эътироф шудааст.Вале ин боигариҳо то ҳанӯз кам омӯхта шуда, дар ин соҳаҳо Тоҷикистон ба кадрҳои баландихтисос ниёзи зиёд дорад. Маҳз ба ҳамин хотир ва бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» пешниҳод намуданд. Ин иқдоми Пешвои миллат бевосита дар омода ва тарбия намудани мутахассисони соҳаи истеҳсолот, техника ва технологиҳои нав саривақтӣ мебошад.
Омӯзиши фанҳои табиӣ тафаккури техникии ҷавононро тавсеа бахшида, онҳоро ба рушди ихтироъкориву кашфиёт ҷалб менамояд. Имрӯзҳо, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар кишвар дар ҳақиқат зарурати омӯзиши бештар ба ин фанҳо пеш омадааст ва ин зарурат бо ҳадафи чаҳоруми миллии кишвар – саноатикунонии босуръат ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон вобаста мебошад.
Дар ин радиф, моҳи июли соли 2020 қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон намудани солҳои 2020 – 2040” қабул гардид.
Пешвои миллат, ба хотири татбиқи ин қарори Ҳукумати Тоҷикистон ва барои ҷалби бештари наврасону чавонон ва омӯзгорону олимони ҷавон ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ пешниҳод намуданд, ки ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад.
Тайи солҳои охир бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардуми Тоҷикистон, алалхусус, наврасону ҷавонон, завқи китобхонӣ, сухандону суханвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, худшиносиву худогоҳӣ озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор шуда истодааст.
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 1 миллиону 325 ҳазор нафар дар соли 1991 то 2 миллиону 109 ҳазор нафар зиёд гардиданд. Имрӯз дар мамлакат 75 гимназия ва 75 литсей, 9 мактаби президентӣ, 6 литсей барои хонандагони болаёқат ва 63 муассисаи таълимии хусусӣ фаъолият дорад. Ҳамзамон бо ин, дар кишвар 78 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо фарогирии 87 000 нафар донишҷӯ фаъолият дошта, вобаста ба талаботи бозори меҳнат аз рӯйи садҳо ихтисос мутахассис тайёр мекунанд.
Агар соли 1991 шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамагӣ 13 ва донишҷӯён 70 ҳазор нафарро ташкил карда бошад, имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба 41 ва донишҷӯён ба 245 ҳазор нафар расидааст. Ғайр аз ин, беш аз 40 ҳазор нафар ҷавонони кишвар дар 33 давлати пешрафтаи ҷаҳон таҳсил карда истодаанд . Ҳамаи ин ташаббусу тадбирҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита аз дастгирии наврасон ва ҷавонон гувоҳӣ медиҳад. Аз ин хотир, ҷавонони кишварро зарур аст, ки ин иқдомҳои Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, ба рушду тараққиёти давлат, таъмини сулҳу субот ва ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар ҳамеша кӯшиш намоянд.
Бояд зикр кард, ки имруз технологияҳои муосири иттилоотӣ дар баробари осон намудани фаъолияти корӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт, ҳамчунин шаклу намудҳои гуногуни расонидани хатару зарарро ба худи инсоният эҷод менамоянд.
Махсусан, гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаҳои иҷтимоии интернет, дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои нодурусти динӣ ва тундгароиро паҳн карда, онҳоро ба қатлу куштор ва ноором сохтани суботу оромӣ ва амнияти давлат ташвиқ менамоянд.
Ҳоло истифодабарандагони шабакаи интернет дар кишвар зиёда аз 4,2 миллион нафарро ташкил медиҳанд ва шумораи муштариёни алоқаи телефонии мобилӣ бошад, ба беш аз 8 миллион нафар расидааст . Бештари онҳо ҷавонон мебошанд, ки ба шабакаҳои иҷтимоии интернет ворид гашта, фирефтаи гурӯҳҳои ифротиву тундгаро мешаванд. Дар ин радиф, сиёсатмадорони барҷастаи ҷаҳон мегӯянд: “Агар давлатро нобуд кардан хоҳӣ пеш аз ҳама насли наврасу ҷавонашро мағзшӯи намо, давлат худ гирифтори парокандагӣ гашта, аз байн хоҳад рафт”.
Аз ин лиҳоз, ҷавонони кишвар ҳангоми ворид шудан ба фазои интернет ҳамеша бомаърифату бомулоҳиза, ҳушёру зирак ва барои ҳимояи сулҳу оромӣ, субботи сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои кишвар омода бошанд. Зеро, манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти давлат аз дигар манфиатҳо волотару афзалтар маҳсуб мешаванд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои инноватсионӣ ҷавонони кишварро зарур аст, ки таърих, забон, фарҳанги миллӣ, рамзҳои давлатӣ ва анъанаҳои неки гузаштаи худро омӯзанд ва ба онҳо арҷ гузоранд. Ҳамчунин, ҷавонон дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ содиқона ва сарбаландона хизмат карда, дар таъмини амнияти давлат, сулҳу субот ва оромии кишвар нақши худро гузоранд.
Ҷавонон доимо кӯшиш намоянд, ки ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим шуғл варзанд ва аз падидаҳои номатлуби ҷомеа дар канор бошанд.
Имрӯзҳо, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳои нав “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030” ва “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав таҳия гаштааст, ки ин санадҳои мазкур фаъолияти ҷавононро дар соҳаҳои ҷомеа боз ҳам беҳтар хоҳад кард.
Тоҷикистон аз оғози ба даст овардани истиқлоли давлатии худ бо 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, узви комилҳуқуқ ва фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар сохторҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ гаштааст .
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳаллу фасли мушкилоти мубрами глобалӣ мешиносад ва ҳоло силсила ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти марбут ба об дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Раванди оби Душанбе» пазируфта шудаанд. Ҳоло ташаббуси чоруми Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ гашта истодааст.
Ҳамин тариқ, маҳз ба шарофати 30 соли Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои бузурги ӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вартаи нестшавӣ ва парокандагӣ эмин дошта шуда, мавқеи кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ баланд гашт.
Дар ин радиф, ҷавонони кишвар ташаббусҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, ҳамеша кӯшиш намоянд, ки дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз намоянд ва дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии давлатамон боз ҳам фаъолона ширкат варзанд. Зеро, дар шароити пуртазоди авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ, сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ аз арзишмандтарин дастовардҳои истиқлоли давлатӣ маҳсуб мешаванд.

2 Leave a comment on paragraph 2 0 Ҳошимов Фирӯз Ҷабборович, муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ, Донишкадаи иқтисод ва савдои донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *