Изҳороти омӯзгорони факултети иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ оид ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва ҳамлаи ДИИШ ба дидбонгоҳи марзӣ

Мардуми Тоҷикистон бояд ба қадри ин оромии том, сиёсати ободкоронаи давлат расанд, зеро ки дар ҷаҳони муосир дар якчанд давлатҳои Шарқи Наздик- Сурия, Ироқ ва Афғонистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дорад ва хасороти зиёди иқтисодӣ ва ҷонӣ дар пайи худ овардааст. Дастгирии сиёсати ҳукумати кишварамон вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.Маркази матбуоти Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр, дар хабарномае гуфт, баъд аз пурсиши боздоштшудаҳо маълум гашт, “онҳо шаби 3-юми ноябр аз қаламрави вулусволӣ ё ноҳияи Қалъаи Золи вилояти Кундузи Афғонистон бо дастури гурӯҳи “Давлати исломӣ” ё ДОИШ вориди ҳудуди ноҳияи Қубодиён шудаанд”. Дар ҳодисаи аввале, ки ДОИШ даст доштани худро эътироф кард, ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғара буд, ки бар асари он чаҳор нафар кушта шуданд. Баъдан ДОИШ масъулияти ташкили ошӯбҳои хунин дар зиндонҳои шаҳри Хуҷанд ва Ваҳдатро кори дасти худ хонд. Додгоҳи олии Тоҷикистон гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро созмони террористӣ эътироф кардааст ва то кунун даҳҳо нафар бо ҷурми пайравӣ аз ин созмон ё ҳамдастӣ бо он боздошту зиндонӣ шудаанд.
Имрузхо дар зери ниқоби дини ислом хар гуна харакат ва равияҳои ифротгаро ва ҳатто бо ном «давлати исломӣ» пайдо гардида истодааст, ки агар хубтар назар намоем, бо манбаъҳои ғоявии ислом ҳеҷ наздикӣ надоранд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки ҷавонон аз камтаҷрибагию нофаҳмӣ ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ шомил гашта, минбаъд аз тарси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудан, дар ҳайати ин ташкилотҳо фаъолияташонро идома медиҳанд. Такмил додан, беҳтар кардани сифати тарғибу ташвиқоти солим ва созанда яке аз кафолатҳои муҳими таъмини осоиштагии ҳаёти ҷомеа ва пешгирии ҳар гуна падидаҳои номатлуб ва ҷинояткорӣ мебошанд.
Биёед, ҳаракат кунем, ки бо амалҳои хуби инсонии худ номи исломро пок нигоҳ дорем ва дар роҳи рости ислом вафодор монем. Ҳамчун шахси бомаърифат дар ҷомеаи имрӯзаи соҳибистиқлол барои зиндагии осоиштаву босуботи имрӯз ва фардои худ талош варзем.
Аҳли устодони факултети иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон тамоми ҳаракатҳову анҷуманҳое, ки аслан мақсади норавшан доранду аз беруни кишвар истода ба ҷомеаи кишвар арзишҳои бо ном демократиро ба мо насиҳат менамоянд, қатъиян маҳкум намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки устодон ва ҷавонони арҷманди диёрамон дар сафи тарафдорони сулҳу ваҳдат устувор ҷой бигиранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *