Ҳар як сафари Пешвои миллат ба манфиати давлату миллат аст!

Барои миллати тоҷик дар охирин даҳаи қарни бистум, ки он вақт Тоҷикистон қадамҳои нахустинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нобудшавии давлат ва миллат рўбарў омад, ниёз ба шахсияти наҷотбахш ва тавоно ба миён омад. Ва ин шахс Эмомалӣ Раҳмон аст. Агар шуҷоату мардонагӣ ва ҷуръати сиёсии Эмомалӣ Раҳмон намебуд, аз даст додани истиқлолияти давлатӣ як амри воқеӣ буд.
Дар шабакаи иљтимої хабаре тахти унвони: “Баъди се сол: Президенти Тољикистон ба кишварњои Аврупо сафар мекунад” чоп омадааст, ки муаллифи он бо бадбиниву тафриќа ва ѓояњои муѓризонааш чї гуфтанашро намедонад. Воќеан њам Президенти Тољикистон, Пешвои миллат, мухтарам Эмомалї Рањмон сиёсати хоричии кишварро њамчун сиёсати Дарњои кушод пеш мебаранд ва сафарњои кории судмандро ба кишварњои ба мо дўст пеш мегиранд, ки барои рушди давлати миллии мо некуањволии мардуми кишвар нигаронида шудааст.
Имрўз Тоҷикистон узви созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ буда, тақрибан бо 130 мамлакати дунё муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва дипломатӣ ба роҳ мондааст. Дар саргаҳи пайванди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҷаҳони имрўз шахсияти муҳташами Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Ин пайванд буд, ки номи тоҷик ва забони тоҷикӣ аз баландтарин минбарҳои ҷаҳон садо дод, ливои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар пойгоҳи бонуфузтарин созмонҳои дунё партавафшонӣ кард. Ба шарофати ҳамин пайванд аст, ки имрўз ҳамкориҳои пайванд бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ: Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайра дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хосса пайдо намуда, аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ гардид. ар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳанбунёди тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид. Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри бист аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил шуд ва имрўз ба сўйи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад. Лозим ба тазаккур аст, ки яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.
Ибодуллоев Акмал,
асссистенти кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *