Изҳороти кафедраи МО ва ТИ

Таърихи начандон тӯлонии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки мо замони душвортарини солҳои 90-ум, барҳамдиҳии сатҳи камбизоатиро аз сар гузаронида, ба марҳилаи амаликунонии мақсадҳои стратегии кишварамон ба сӯи рушди устувор расидаем. Ҳамаи ин ба шарофоти сиёсати хирадмандонаи ҳукумати кишварамон бо роҳбарии Пешвои миллат, Президент ҶТ Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодааст. Мо бояд шукри онро кунем, ки рушди иқтисодии Тоҷикистон устувор аст, осмони софи кишварамон бо фазои сулҳ, оромӣ фаро гирифта шудааст, мо ба ояндаи кишварамон боварии комил дорем.
Лекин баъзе ашхосон ба монани роҳбарони ТТЭ ҲНИ, Гурӯҳи 24 пешравии кишварамон, фазои софу беғубори моро чашми дидан надоранд. Ба ҳамаи кӯшишу ғайрати мо бо кинаю адоват, боғаразона баҳо медиҳанд. Сафарҳои хидматии сарвари кишварамонро нодуруст баҳо медиҳанд. Мо шоҳиди онем, ки бар арсаи ҳар як ташрифи Пешвои миллат ба вилояти мо корхонаҳои нави истеҳсолӣ, мактабҳо, боғчаҳо, иншоотҳо, инфрасохтори мавзеъҳои сайёҳӣ, корхонаҳои истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ, иншоотҳои маданӣ ва ғайра ба истифода дода мешаванд. Аз ин ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд омада, некӯаҳволии мардум баландтар мегардад. Аммо душманони халқу давлат ин пешравиҳоро намебинанд, ё бинанд ҳам ба он нодуруст баҳо медиҳанд, дар байни мардум ҳисси нобоварӣ, кинаю адоват паҳн мекунанд. Аз ин сабаб мо аҳли омӯзгорон ва кормандони кафедраи МО ва ТИ оиди ин масъала чунин изҳорот баён мекунем:
– ба хабарҳои бардурӯғ дар бораи таназзули иқтисодиёти кишварамон бовар накунед;
– ба сафарҳои хидматии роҳбари кишвар ва дигар ходимони давлат баҳои дуруст диҳед;
– дар корҳои ободонӣ ва созандагии кишварамон бетараф набошед;
– ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ободонӣ ва созандагӣ тарбия кунед;
ба касбу ҳунаромӯзии ҷавонон мусоидат намоед, зеро ин шарти муҳимтарини некӯаҳволии ҳар як шаҳрванд мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *