Изҳороти мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ Сарвар Файзиева , номзади илмҳои филолгӣ, дотсент оид ба гирдиҳамоии мухолифину бадхоҳони миллат дар Олмон

Ахиран дар васоити ахбори умум мтлабе ба нашр расид, ки дар Олмон як гуруҳ бадхоҳону бадандешони миллату давлат даст ба митинбозӣ зада, дар ҳаққи Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон суханҳои носазо гуфтаанд. Дар шароити кунунии замони пуртазод мо бояд ба дасисаи бадхоҳони миллат дода нашуда, фирефтаи афкори бегонагон нагардем. 

Имрӯзҳо мо  шоҳиди он мешавем, ки насли ҷавони тоҷик ва дигар тоифаи аҳолӣ бар он назаранд, ки ҲНИ (ҳизби наҳзати исломӣ) сабабгори бисёри бадбахтиҳо мебошад, ки бо ҷавонони тоҷик  дар дохили кишвар ва дар хориҷ рӯҳ додааст. Пеш аз ҳама гуреза шудани шумораи зиёди аҳолии Тоҷикистон, баъдан кушта шудани ҷавонони мо дар ҷанги шаҳрвандӣ, ба равияҳои экстремистӣ пайвастани шумораи зиёди мардуми шарифи Тоҷикистон, ба маҳбас кашида шудану гуреза шудани онҳо ба кишварҳои Аврупо, сабабгор танҳо ҲНИ мебошад.

Мо боисрор гуфта метавонем, ки ҲНИ аз хориҷи кишвар маблаггузорӣ мешуд ва мақсади онҳо барҳам задани сулҳу субот дар кишвар буд ва ҳоло ҳам чунин нияти бадро нисбати Тоҷикистони азиз доранд, чунки барои онҳо давлату миллат арзиш надорад, танҳо маблаѓи хоҷагон қадр дораду, бо супориши онҳо амал мекунанд.

Маҳз роҳбарии сарвари оқилу донишманд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  буд, ки ҳамаи гурезагон ба Ватан баргардонда шуда, ба оташи ҷанги шаҳрванди хотима бахшид. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҲНИ нақшаҳои нав кашида, вале оқибат худ шармандаю берун аз кишвари азизамон фирорӣ шуданд.

Шукр, дар кишвари соҳибистиқлоли мо тоҷикон тинҷиву осудагист. Ҳар субҳу шом кишвари мо бо корҳои созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Рахмон гул-гул мешукуфад ва ободтар мегардад. Касе бо касе дар фикри бадиву душмани нест, сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба авҷи аъло расонидааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *