Муболиғaю воҳимаҳои зиёд дар назди сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Олмон “Гирдиҳамоии бузург” ташкил ва баргузор намуданд, ки нақшаи ин амалҳо якчанд рӯз қабл дар манбаҳои ахбороти расонаӣ карда буданд.
Дар хабарҳои нашркардаи наҳзатиҳо гуфта шудааст, ки мавзӯи асосии гирдиҳамои ҳифзи ҳуқуқи маҳбасон мебошад. Агар воқеан ҳам гирдиҳамои барои пуштибонӣ аз ҷинояткорон баргузор гардад, пас наҳзат бори дигар бо ин амалаш исбот намуд, ки пуштибонии аслии ДИИШ дар Аврупо мебошад. Агар воқеан ҳам ин “ҳамоиш” баргузор гардад, М. Кабирӣ бори дигар исбот мекунад, ки аъзоёни наҳзат бо ДИИШ ҳамкории ҷиноӣ доштанд ва доранд. Мо, сокинони кишвар аз васоити ахбори омма дарёфтем, ки якчанд нафар роҳбарону фаъолони ташкилоти террористӣ– экстремистии ҲНИ гирдиҳамоие дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин ташкил кардаанд. Гарчанде, ки амалҳои худро зери пушиши созмони ба ном “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон” анҷом медиҳанд, аммо дар асл ҳамон “наҳзатиҳо” ва “кабирисифатҳо”-и қадимианд, ки террорист шинохта шудаанд. Ҳукумати кишвар эътирозу шикоятҳои модароне, ки фарзандонашонро наҳзатиҳо ба гурӯҳҳои тундрави экстремистӣ таблиғ карда, шомил намудаанд ба назар гиррифтаанд. Ва дар ҳамин радиф хостанд, ки дар ҷавоби ин тазоҳуротчиёни намояндагони ТТЭ ҲНИ дар кишвар гирдиҳамоӣ ташкил намоянд. Вале дар асл ин талаби он модарон буд, ки косаи сабри онҳо аз ин, ки як – як аз дасти ин нохалафон ҳаёташон тираву тор гаштааст, лабрез гашта буд. Имрӯз дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ ҳукмфармост ва ҳама сокинон бо рӯҳияи баланди созандагӣ барои ободтар кардани ватани худ ва беҳтар сохтани зиндагӣ заҳмат мекашанд. Маҳз баъди заиф гардидани ТТЭ ҲНИ ва аз саҳнаи сиёсӣ дур шудани он шароити мувофиқ барои пешрафту тараққии кишварамон ба миён омад. Аммо наҳзатиҳо пешравии Тоҷикистонро намехоҳанд. Сиёҳдилию бадхоҳии онҳо аз навиштаҳояшон, ки дар расонаҳои ифротии худ паҳн мекунанд, баръало маълум аст. Бо ташкили гирдиҳамоӣ мақсад доранд, ки номи кишварамонро бадном кунанд. Онҳо ба Ҳукумат тӯҳмат мекунанд, ки гӯё дар кишварамон зиндониёни сиёсӣ мавҷуд аст, лекин “зиндониёни сиёсӣ”-и мегуфтаи онҳо дар асл ҳамон ҷинояткорон ва «доиш»-иҳои наҳзатианд. Мардуми Тоҷикистон ва аксарияти шаҳрвандони дар хориҷ буда дигар вазъиятро хуб медонанд ва аз мақсаду мароми бадхоҳонаи наҳзатиҳо огоҳанд. Аз ин рӯ, кӯшишҳои фаъолони назҳатӣ барои расидан ба мақсадҳои худ бо роҳи доир кардани гирдиҳамоӣ дар Берлин беҳудаанд. Ин гирдиҳамоӣ не, балки ҷамъомади хешовандону пайравони Кабирӣ ва чанд нафари аз ҷиҳати молиявӣ ба вай вобаста мебошад. Ҳар тоҷику тоҷикистоние, ки заррае Ватану миллаташро дӯст медорад, ҳаргиз ба ин ҷамъомади душманон ва бадхоҳони Тоҷикистон ҳамроҳ намегардад.
Дилафрӯз Ҳомидова,
корманди бахши табъу нашри донишкада