Изҳороти мудири кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТ доир ба падидаҳои зишт ва хатарноки ТТЭ ҲНИ

Имрӯз ТТЭ ҲНИ яке аз падидаҳои зишт ва хатарнок барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Аз расонаҳои хабарӣ мо шоҳиди онем, ки имрӯзҳо дар гӯшаю канори дунё ҳодисаю амалҳои зиёди террористӣ ба амал омада истодаанд. Бо дарки ин маънӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ талош бар он дорад, ки дар роҳи мубориза ба ин амали номатлуб ҳамҷоя амал намояд.
Бинобар он, хоҳарону додарони азиз, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил нашавед. Пеш аз он ки ба ягон ҳизбу ҳаракатҳо шомил мешавед, аввал аҳволи падару модар, хоҳару бародаронатонро андеша кунед, ки чӣ мешуда бошанд? Алалхусус, шахсияти худатонро.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *