Изҳороти омўзгорони кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ оид ба ақидаҳои ифротгароёнаи ТТЭ ҲНИ

Мо омўзгорони кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ боварии комил дорем, ки ҳар як мардуми аз ҷиҳати маънавию ҷисмонӣ солими ҷомеа, инчунин равшанфикр ҳеҷ гоҳ побанди ақидаҳои ифротгароёнаи ТТЭ ҲНИ нахоҳанд шуд. Зеро барои миллати бофарҳанги мо терроризм ва экстремизм бегона аст. Кулли шаҳрвандони кишвар бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри гул – гулшукуфии Ватани азизамон камари ҳиммат бастаанд. Аз ин лиҳоз, ҳамаи мо – омӯзгорону устодон вазифадор ҳастем, ки баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ҷидду ҷаҳд намоем. Симои аслии ифротгароиро нишон диҳем. Арзишҳои милливу давлатӣ ва динии худро ҳифз намуда, онро дар байни ҷавонону наврасон густариш диҳем. Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки ба созандагиву бунёдкорӣ машғул шуда, фарзандони худро дар руҳияи худшиносиву хештаншиносӣ тарбия намоем. Дар замири онҳо омӯзиши касбу ҳунар ва илму адабро тарбия намоем. Сулҳу ваҳдатро чун бузургтарин неъмати илоҳӣ эҳтиром гузошта, таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободкориву созандагӣ ҳамраъй ва ҳамкор бошем!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *