Изҳороти кафедраи назарияи иқтисоди ДИС ДДТТ нисбати амалҳои хоинонаи М.Кабирӣ

Мо омўзгорони кафедраи назарияи иқтисоди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон сиёсати давлатро ҷиҳати аз байн бурдани ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои зидди давлативу номатлуб дастгирӣ намуда, бо баробари ин доир ба амалҳои хоинонаи Муҳиддин Кабирӣ ибрози ақида мекунем.
Ба ҳамагон маълум аст, ки М.Кабирӣ бо ҳаммаслаконаш мехост дар Тоҷикистон табаддулоти сиёсиро амалӣ намояд ва дар оқибат амалҳои хоинонааш фош гардида, роҳи гурезро пеша кард. Кунун М.Кабирӣ дар мамолики хориҷӣ , домони аврупоиҳоро гирифта,бо ҳар роҳу васила мехоҳад худро шахси дунявӣ нишон диҳад. Барои ба ин мақсади манфури худ ноил гаштани ў бо бадномкуни сиёсати давлатии мо даст зада, таъинотҳои хоҷагони хориҷии худро иҷро намуда бехабар аз он, ки ба ланъати халқу миллат гирифтор аст.
Бо баробари ин, қайд кардан ҷоиз аст, ки дар рўзномаю маҷаллаҳои даврии ҳам Тоҷикистон ва ҳам мамлакатҳои хориҷӣ оид ба гурўҳҳои ифротгароӣ маълумотҳои зиёд нашр мешаванд ва маълум мегардад, ки то ҳол бархе шахсони гумроҳшудаи ба гурўҳҳои экстремистӣ ҷалбшаванда ба назар мерасанд. Ин гуна шахсон чун М.Кабирӣ фирефтаи пулу моли зиёди хоҷагонашон шуда, ҳаёти худ ва оилаашонро зери хатар мегузоранд. Аз расонаҳои иттилоотӣ ҳамарўза оид ба баргардонидани оилаҳои шахсони гумроҳшуда ё фарзандони онҳо тариқи телевизион маълумотҳо пешниҳод мешавад. Масалан, дар рўзномаи «Ҷумҳурият» мақола оид шахси гумроҳшуда Тоҷиддин Носиров маъумот дарҷ гардид, ки ба гурўҳи экстремистии «Давлати исломӣ» дохил шуда, мехост дар Тоҷикистон амалҳои террористиро амалӣ намояд ва оқибат он аз тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуд.
Имрўз ҷавонони саодатманди мо аз ин масоили матраҳгардида, хулосаи зарурӣ хоҳанд баровард. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҷавонони бонангу номуси хеш, ки сафашон рўз аз рўз меафзояд, дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутаҳҳид гардида, бо ин падидаҳои номатлуби ҷомеа мубориза мебаранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *