Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро ба амсоли ДИИШ ва ТЭТ ҲНИ, ки бештари ҷавонони тоҷикро аз сабаби надоштани машғулият ва даромади муносиб бо пешниҳоди «ба даст овардани маблаѓ бо ширкат дар як ё ду амалиёт» фирефта намуда, ба доми макри худ мекашанд ва амалҳои номатлуб содир менамоянд, ки ин боиси коста гаштани обрую эътибори кишвар мегардад.Чунончӣ санаи 29 июли соли равон ҷавонони беномусу гарданканда–аъзоёни ТЭТ ҲНИ бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон пас аз дидаву дониста бо воситаи нақлиёти шахсӣ шаҳрвандони хориҷро пахш карда ва пас аз по афтодани онҳо ваҳшиёна бо олотҳои халандаю бурранда ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расониданд,ки дар натиҷа 4 нафар сайёҳони хориҷӣ ба ҳалокат расиданд.Зикр кардан зарур аст, ки тибқи иттиллоти расонаҳо амиқан муайян карда шудааст, ки яке аз аъзоёни ТЭТ ҲНИ таҳти роҳбарии бевоситаи Ҳусейн Абдусамадов ҷинояти мазкурро бо ҳаммаслаконаш содир намудааст. Ин ҳодисаи барои халқу миллати мо хос набударо сахт маҳкум карда даъват менамоем: имрӯз ҳар яки моро зарур аст, ки аз падидаҳои нохуши руйдода хулосаи зарурӣ бароварда, барои тарбияи ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳи миллию худшиносӣ беш аз пеш талош варзем. Мо пайваста бо кӯшишу ғайрат ва такмили донишу малакаи хеш намегузорем, то ғояҳои муғризонаи ТЭТ ҲНИ ва гурӯҳҳои ифротгаро дар андешаву тафаккури мардуми тоҷик, хусусан ҷавонон ҷо гиранд. Дар ин раванд, тамоми таҷриба ва малакаи худро истифода бурда, алайҳи тарғиботи ғояҳои ифротӣ ва террористӣ мубориза мебарем. Намегузорем ва нахоҳем гузошт, то ТЭТ ҲНИ ва тарафдорони онҳо ба мақсадҳои нопоки хеш, ки ба ҷангу бедодгарӣ кашидани Ватани мост, ноил гарданд!
Мудири шуъбаи кадрҳои ДИС ДДТТ Б. Бобоев