Изҳороти дотсентони кафедраи математика ва технологияи инноватсионии ДИС ДДТТ Раҷабов Р ва Муъминов М оид ба мусоҳибаи Муҳиддин Кабирӣ

Мо фаъолияти пасипардагӣ ва бадхоҳонаи раиси ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабириро сахт маҳкум менамоем. Баъди баргузории гирдиҳамоӣ дар Олмон дар мусоҳибаи худ раиси ТЭТ ҲНИ нисбати Тоҷикистон бадгӯиҳои беасос карда, ба танқиду таҳвин мепаодозад.
Дар изҳороти навбатии раҳбари Ҳизби мамнўи наҳзати исломӣ Муҳиддини Кабирӣ дар робита ба ҳамоиши мухолифони тоҷик дар Дортмунди Олмон бисёр масоили сиёсиву иҷтимоии кишвари мо ба таври хеле печида ва мубоҳисаангез изҳор шудааст. Ў ба фикри худ моилу толиби ҳаллу фасли вазъи сиёсиву иҷтимоии имрӯзаи Тоҷикистон ва ҳаками асосии он ба шумор меравад. Аз ин рў, аз номи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва намояндагони меҳварии онҳо аз барқарории ҳамкориву муносиботи баъдӣ сухан ба миён оварда, ҳосил шудани ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни ин ҳизбу ҳаракатҳои хориҷи кишвар ва ашхоси дар ҳиҷрат бударо боиси ҳаллу фасли масъала намудор карданӣ мешавад, ки фикри хому бебунёд аст.
Амалҳои ваҳшиёна ва кирдорҳои харобкори Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода оё ҷиноят ва хиёнат дар назди таърих нест? Муҳиддин Кабирӣ худро сафед карданӣ мешавад, ки “агар ҷониби оппозитсион иштибоҳ кард, барои иштибоҳаш ҷавоб бигӯяд, агар тарафи дигар, хиёнат ва ҷиноят кард, дар муносибат бо сулҳу ваҳдати миллӣ, бояд барои ин ҷиноят ва хиёнатҳояш ҷавоб бигӯяд. Наметавонад, ки иштибоҳ баробари ҷавоб барои ҷиноят бошад.
Муҳиддин Кабирӣ бастани як ҳизби қонунӣ, ки онро Созишномаи сулҳ ба миён оварда буд, зиндонӣ кардани даҳҳо афроди бегуноҳ, фишор овардан болои нерӯҳои оппозитсионӣ, расонаҳои мустақил ва поймол кардани худи матни Созишномаи сулҳро аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҷиноят ва хиёнат намоён мекунад. Ҳол он ки ин амалҳои Ҳукумати кишвар дар натиҷаи тахрибкориҳои худи ҲНИ ва вайронгарони он падид омад. Ҳукумат танҳо пеши расвогарии ҲНИ-ро гирифтанӣ ва кишвари моро аз балои ногаҳонӣ раҳо карданӣ шудааст.
Хулоса , мо амалҳои бадхоҳонаи раҳбари ТЭТ ҲНИ сахт маҳкум менамоем ва боварӣ дорем, ки ҳеҷ кас ба амнияту оромии кишвар наметавонад халал ворид созад.
Муъминов М..
Раҷабов Р..
устодони ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *