Амали ноҷавонмардона ва бадхоҳони миллатро маҳкум мекунем!

Ҳодисае, ки рӯзи 29 июл дар ноҳияи Данғара рух дод маро ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ташвиш овард. Сайёҳони хориҷие, ки барои сайёҳат ба манотиқи куҳии Тоҷикистон омада буданд, аз чор давлат – ИМА, Ҳолланд, Швесария ва Фаронса буда, нисфирӯзии 29 июл пушти ҳам аз роҳи Ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара – қитъае аз шоҳроҳи Душанбе – Бадахшон ҳаракат мекарданд, дучори ҳамлаи автомобилӣ шуданд. Баъд аз ин сайёҳон боз зери лату куб қарор дода шуданд. Дар натиҷа, ду нафар сайёҳи амрикоӣ, як нафар сайёҳи швейсарӣ ва як нафар сайёҳи ҳолландӣ кушта шуда, се нафари дигар маҷруҳ шуданд.
Ин рафтору кирдори шахсони қотил ба фарҳанги миллати меҳмоннавози тоҷик муносиб нест. Ин корро танҳо инсони бе Ватан, бе модар кардан метавонад. Паси ин рафтори номатлуб душманони халқи тоҷик, ки рушду нумуи Тоҷикистони азизро, ободию осудагии халқи тоҷикро таҳаммул надоранд, меистанд.
Мо амали ноҷавонмардонаи гурӯҳи хоинони ватанро нисбати сайёҳони хориҷӣ бо хашму ғазаб ва андӯҳи бузург қабул намуда, ба чунин инсонҳои ҳайвонсифат лаънату нафрин мехонем. Ин тоифаи бадкирдор маҳз дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ин амали зишт даст зада, доғ ба номи бошарафи халқҳои Тоҷикистон гузоштанд.
Мо мардуми сарбаланди кишвар боварӣ дорем, ки сайёҳон, бо дили пур, бо умеди орзуи дидан аз сарзамини тоҷикон, огаҳӣ ёфтан аз фарҳанги волои он ба диёри мо қадам мегузоранд. Дар вазъияти бисёр ҳассоси ҷаҳони имрӯз даст ба чунин амали зишт задани онҳо аз тинати зишту бадбахтиҳояшон гувоҳӣ медиҳад. Онҳо мисли каждуми зери бурё неш бар ҷисму ҷони миллат зада, мехоҳанд, ба ҳамин васила тарсу ҳарос ва ваҳшатро дар қалби сокинон пайдо намоянд.
Ба ҳама ҳаракату гуруҳҳое, ки даст ба чунин амали зишт задаанд, нафрат мехонем ва боварӣ дорем, ки мардуми сарбаланди кишвар бар зидди ҳар гуна ифротгарону террористон муборизаи беамон бурда, намегузоранд осмони софу беғубори Тоҷикистон ғуборолуд гардад.
Фаррух Турсунов,
Раиси Шӯрои олимони ДИС ДДТТ,
номзади илмҳои фалсафа, дотсент

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *