ҲАДАФИ ГУРӮҲҲОИ ҶИНОЯТПЕША НООРОМ КАРДАНИ ҲАЁТИ МАРДУМ АСТ!

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар солҳои охир корҳои зиёде амалӣ шудаанд ва мушоҳида мешавад, ки мардуми вилоят барои ободу зебо ва тараққиёти иқтисодии диёри худ фаъолияти босубот бурда истодаанд. Вале, муттассифона, вақтҳои охир гурӯҳҳои ҷиноятпешаи ин минтақа, ки бо ҳадафи ноором сохтани ҳаёти мардуми осоиштаи Бадахшон даст ба ҳар амалҳои хиёнаткорона ва дасисабозӣ зада мекӯшанд то ҳадафҳои нопоки хоҷагонашонро амалӣ созанд. Ин ашхосони ноҷавонмардони зархарид ва фурӯхташуда ва он гурӯҳҳои ифротгаро асосан ба хотири пӯшидани ҷиноят гуноҳояшон талош мекунад. Масалан ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ оид ба  боздошт намуданаи яке аз лидерони ғайрирасмии минтақа бо номи Зиёбеков Гулбиддин бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз таппончаи тамғаи «Макаров», ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушод. Дар натиҷа ҷинояткор ҳангоми боздошт бар зидди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз яроқи худ оташ кушода, дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткор захмдор гардида, дар натиҷа ҳалок гардидааст. Бояд ёдовар шуд, ки дар асоси маълумоти Прокуратураи ВМКБ Зиёбеков Гулбиддин  бо ҳамдастонаш аз гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, 1 феврали соли 2020 ёрдамчии Прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А.-ро гаравгон гирифта, дар деҳаҳои Анҷим ва Барҷангали ҳамин ноҳия муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд. Барои содир кардани ин ҷиноят тибқи  моддаҳои 181, қ.3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ.3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маводи кофтуковии мақомоти Прокуратура дар кофтукови расмӣ қарор дошт. Воқеан шарҳи хол ҳамин аст!

Дар иртибот ба ин бояд қайд, ки воқеан мардуми бонангу номуси Бадахшон ба хубӣ огоҳ ҳастанд, ки ҷинояткор мисли Зиёбеков Гулбиддин  ба чандин амалҳои ҷиноятӣ даст зада, барои худро бегуноҳ нишон додан дар назди мардум даст ба чунин амали номатлубро пеша намудааст. Умуман гурӯҳҳои ҷинояти муташаккилӣ фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва гурӯҳҳои амниятиро, ки ба хотири боз ҳам таъмини босуботи аҳолӣ ва нигоҳ доштани тартиботи дохилии вилоят чораҳои зарурӣ андешида истодаанд, зиддӣ мардум маънидод мекунанд, ки амали онҳо баёнгари хиёнаткории онҳо ба Ватан бо амри хоҷагони зархаридӣ хориҷиашон аст.

Дар фарҷоми андешаи хеш мо ба мардуми сарбаланди Бадахшон ва махсусан ба ҷавонон муроҷиат карда, таъкид менамоем, ки дар шароити кунунии авзои номусоиди ҷаҳон, аз ҷумла вазъи имрӯзи Афғонистон  зиракии сиёсиро аз даст надода, дар атрофи Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ҷамъ омада, барои ободию пешрафти Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд!

СОДИҚОВА Г.И.,

дотсенти кафедраи баҳисобгирии

бухгалтерӣ ва аудити ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *