Изҳороти кормандони шуъбаи магистратура ва докторантураи ДИС ДДТТ нисбати саҳнабозиҳои М.Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба масоили низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

 

Имрӯзҳо яке аз хиёнаткори миллат – М.Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба масоили низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон доду фарёди беҳуда намуда, бар зидди сиёсати имрӯзаи кишвари мо тӯҳмату бӯҳтон мезанад. Пас аз дидани барномаи “Паймони миллӣ” кас пай мебарад, ки Кабирӣ худро боз  худро “сиёсатмадор” маъруфӣ карда, дар моҳи шарифи Рамазон шарме надошта, нгисбату миллату давлати ҳамсояҳо беасос ғайбат мекунад. Чунончӣ дар рафти баромадаш Кабирӣ вобаста ба муноқишаи марзӣ сухан карда, чунин мешуморад, ки гӯё тарафайн ба вуқӯъ пайвастани муноқишаҳои марзи манфиатдор бошанд. Амиқан мо гуфта метавонем, ки давлати соҳибистиқлол воқеан меросбардори сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ ҳастанд. Таърих гувоҳ аст, ки  мардуми шарифи Тоҷикистон дарозои мавҷудияташ ба ягон мамлакат ҳуҷум накардааст, ба ягон кишвар бо чашми ҳирс нигоҳ накардааст, дар таърих то имрӯз бо роҳбарони оқилу сулҳофар, миллатпарасту ғамхораш ном баровардаасту бас.

Инчунин М.Кабирӣ дар рафти баромадаш оид ба муносибатҳои қаблии байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Узбекистон ёдовар шуда, боз гапҳои сафсатаи пешинаи худро такрор намуд  ва ин имрӯз ягон асосе надорад. Гузаштаро такрор намудан чи лозим . Имрӯзаро  бояд гуфт. Хол он, ки муносибат бо узбекҳо хеле хуб аст. Бинобар ин ба Кабирӣ таъкид менамоем, ки имрӯз ӯ дар Аврупо қарор дораду аз вазъи сиёсату пешравии кишвари мо тамоман бехабар аст. Пешравии кишвари моро нодида мегирад. Хотиррасон бояд кард, ки воқеан имрӯз  муносибати дӯстии байни Тоҷикистону Узбекистон рӯз аз руз қавитар шуда истодааст. Ин дастоварди бузурги халқи тоҷику узбек аст! Мо бо бовари комил гуфта метавонем, ки дар мӯҳлати кӯтоҳтарин низ муносибати байни тоҷику кириғиз ба ҳолати мусолиятомез бармегардад.

Дар интиҳои изҳороти хеш иброз медорем,ки Кабирӣ ва умуман наҳзатиён ба хотири молу сарват, ақли худро бохтаанду, аз бешарафиву бадсириштӣ бар миллати хеш хиёнат мекунанд ва ба ғайр аз ин амал дигар коре надоранд. Боз иловатан такрор ба такрор хотиррасон мекунем, ки имрӯз хеҷ кас ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди Тоҷикистонро дигар карда наметавонад. Ҳар як фарди бонангу ори тоҷик, ки имрӯз дар фазои осудаи Ватан умр ба сар мебарад ва дастовардҳои дар тӯли 30 сол ба даст овардаи халқу ватани хешро қадр намуда, ҳамзамон ихтилофангезиву саҳнабозиҳои навбатии М.Кабириро шадидан маҳкум менамоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *