ИҒВОГАРИИҲОИ НАВБАТИИ М.КАБИРӢ ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

Имрӯз М.Кабирӣ бо васвасаҳои шайтонии худ тариқи  сомонаи интернетӣ, яъне дар барномаи “Паймони миллӣ.. “,  ки саропо ғаразу дуруғу ифрот аст,.баромад намуда, тухми нифоқ мекорад. Таҳлилҳо нисбати кору рафтори М.Кабирӣ , умуман наҳзатиҳо собит менамояд, ки бехирадону бахилон имрӯз баҳонаҷӯи намуда, бо ҳар гуна роҳ номи давлату миллат ва ҳукумати кишварро сиёҳ кардани ҳастанд. Бояд ёдовар шуд, ки дар лаҳзаҳои муноқишаҳои марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон, ки мардуми дар наздикии марзбудаи шаҳри Исфара, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва тамоми тоҷикистониён барои ҳалли босуботонаи масъалаҳои баҳси сарҳадӣ бо Қирғизистон ва оташбас дасти дуо бардошта буданд. Вале хоину хиёнаткори миллат М.Кабирӣ ва ҳаммаслоконаш бо суханҳои иғвоангезона (правакатсионӣ) ва бардурӯғу воҳимаангезро аз номи мардуми тоҷик паҳн карда,  хостанд садди роҳи ҳалли масъалаи сарҳадӣ ва сабабгори ҷанги ду кишвар шаванд. Воқеан ин дасисакорӣ пеш аз ҳама тибқи супориши хоҷагони хориҷӣ мебошад ва ҷиҳати амалӣ намудани он Муҳиддин Кабирӣ  кӯшиш дорад,  ки аз иғвоангезиҳо ва ба шӯр овардани мардуми оддӣ ва давлати тинҷу ором ин тоифа инсонҳо, алалхусус хоҷагони наҳзатиён манфиатдор ҳастанд. Аламаовараш он буд, ки баъди тамошои чанд наворҳои кӯтоҳи рӯирост мардуми осоиштаи қирғизро ба шӯроваранда, чашми ҳар шаҳранд ба шакли иблисонаи Муҳиддин Кабирӣ афтод. Кабирӣ имрӯз аз ватан фирор шуда, оқибат беватану бевиҷдон дар барномаи иғвоангезии “Паймони миллӣ” тӯдаи қирғизон, ки тӯли чандин сол боз садди роҳи ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мешуданд ба андозае тарафдорӣ  намуда,  боз аз худ “сиёсатмадор” ва шахси ғами мардумро мехӯрда тарошида, бо забони русӣ дармондаравон мелаққад.. Дар чунин ҳол аз Кабириву ҳаммаслакони ифротиаш пурсида мешавад, ки бо кадом рӯй ва кадом имону инсоф дар ҳамон рӯзҳое, ки чанд нафар шаҳрвандони тоҷик аз тири ноҳаққи сарбозон ва сангпартоиҳои мардуми номуросои қирғиз ҳалоку захм бардошта, наздиконашон ва тамоми мардуми тоҷик ашки ҳасрат мерезанд, дар канали душманони хориҷии мо баромада, халқи қирғизро тарифу тавсиф мекунанд!?  Аз Кабирӣ пурсида мешавад: Оё ин қадар душманиҳо бар зидди ҳаммиллату ҳамватанони худатон кам набуд, ки боз ба тарафи душман гузашта мардуми қирғизро ба шӯр меорӣ…?

Бо назардошти масоили матраҳгардида, хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки амалҳои пастмондаҳои ТТЭ ҲНИ ва Кабирии хиёнаткору беномус моро бори дигар водор месозад, ки аз чунин ифротиёну душманони қаттол бояд дар эҳтиёт бошем. Ба суханҳои нопоку бевиҷдононаи наҳзатиё ҳеҷ гоҳ бовар накунем ва минбаъд низ барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, ҳар ваҷаб ҳоки Ватани азизамон Тоҷикистон лозим бошад ҷони худро дареғ надорем. Тасдиқи ин гуфтаҳо ин аст, ки воқеан баъди мушоҳида, аз амалҳои хайру савоб ба осебдидагону ҷонбохтагони муноқишаҳои сарҳадӣ, оилаи ҳомиёни қаҳрамони Ватан, омодагии мардуми тамоми минтақаҳои кишвар барои ҳифзи марзу буми кишвар, ҳамеша дар паҳлуи ҳомиёни Ватан будани ҷавонони ба ору номуси кишвар бори дигар собит сохт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон Ватани худро дӯст медоранд, дар паҳлӯи давлату Ҳукумат, Сарвари маҳбубамон ҳастанд, шукронаи тинҷиву осоиштагӣ мекунанд ва ҳар лаҳза барои ҳифзи хоки муқаддаси Тоҷикистон тайёр ҳастанд.

Абдурашидова Ф. А.,

ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *