ФИТНААНГЕЗИИ М.КАБИРӢ ДОИР ВА МАСЪАЛАИ МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН

 

Ҳизби наҳзати исломӣ аз зумраи ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ  буд ва мебошад, ки имрӯзҳо низ бо дастуру кӯмакҳои молиявии хоҷагони хориҷиаш тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мардумро ба ошӯбу бало далолат мекунад. Масалан чанд рӯзи ҳафтаи моҳи майи соли равон бо тариқи барномаи “Паймони миллӣ..” М.Кабирӣ баромадҳо намуда, бо нафрати беасос ва ғаразпешааш ба ҷомеа ва мамлакати мо дар бораи масъалаҳои хатти марзӣ байни миллати тоҷику қирғиз тухми кинаву адоват кошта истодаст. Бо баробари ин нисбати миллати қирғиз сухан карда, онҳоро ҷавонмардон шуморида бо роҳи найранги рӯбоҳонааш онҳоро ба худ ҷалб карда, зидди кишвари мо равона карданист. Аз М. Кабирӣ пурсида мешавад, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон ғайр аз иғвою дасиса, тӯҳмату бӯҳтонҳои беасос, хиёнату фосиқӣ, беномусӣ чӣ нафъе овардӣ, ки ба ҳаёти осоиштаю ороми босуботи мо сангпартоӣ мекунӣ? Наҳзатиён!! Фармоиши навбатии хоҷагонатонро бобати сиёҳ кардани мардуми заҳматкаши неъматофар иҷро мекунеду бадзотиатонро исбот. Муҳиддин Кабирӣ, ки имрӯз худро соҳибдори Паймони миллӣ ва ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ метарошаду ҷонибдорони ангуштшуморашро намояндагӣ дорад, худро “сиёсатмадору адолатпарвар” нишон медиҳад. Лозим ба ёдоварист, ки имрӯз наҳзатиёни бадандеш ҳамаи ҳодисаҳоро ба аъмоли зиддиинсонии кушторгарӣ, даҳшатафкании хеш қиёс мекунанд. Дар тӯли мавҷудияти худ ғайр аз истифодаи барчаспҳои «кофар», «бехудо», «бадбахт», «дӯзахӣ» ва монанди инҳо, ки шеваҳои асосии инсонбадбинонаи онҳояд, часпондан роҳи дигари таҳаммул намудани ақидаи дигарон ва ё бо ақли солим амал карда, мардона пазируфтани иштибоҳоти хешро надоранд. Воқеан сиёсатмадорон, мутафаккирон ва донишмандони миллӣ, ки ақидаҳои пӯсидаю зиддиинсонии наҳзатиёнро қабул накарданд, ҷисман дар рӯзи равшан тавассути аслиҳа ба қатл расонида шудаанд, ки ҳамаи ин амалҳои номатлуби онҳо дар саҳифаҳои таърихи миллат чун фоҷеътарин рӯзгори қавми тоҷик сабт шудааст. Воқеан хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намояд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад. Аз ин рӯ ба кулли майдоншинону паймоншиканон ва пикетчиёни наҳзатӣ гуфтанием, ки роҳи Шумо роҳи тираву зулмот аст.

Мо омӯзгорон ҳамарӯза ва ҳамавақта ба ҷавонону наврасон таълим медиҳем, ки аз касофати ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ худро эмин нигоҳ доранд. Он ҷиҳоду шаҳодати доишиёну наҳзатиён ба ҷуз ҷангу хунрезӣ дигар фоидае нест. Хилофати сохтаву бофтаи онҳо макони қатлу куштори мардуми гаштааст. Имрӯз М.Кабирӣ доир ва масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон суханҳои беасос иброз медорад. Бадхоҳону бадандешон ҳеҷгоҳ ба ҳадаф нахоҳанд расид. Дар интиҳои сухани хеш хулосабарорӣ намуда, суханҳои  шоир ба ёд меояд,Чунончӣ фармудааст :

 

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад,

Як бад накунад то ба худаш сад нарсад.

Ман неки ту хоҳаму ту хоҳӣ бади ман,

Ту нек набинию ба ман бад нарасад.

 

 

Ҳошимова М.А.,ассистенти кафедраи молшиносӣ

 ва фаъолияти гумрукӣ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *