Изҳороти коллективи омӯзгорони кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ оид ба андешаҳои бадхоҳони давлату миллат

 

Барои миллати тоҷик дар охирин даҳаи қарни бистум, ки он вақт Тоҷикистон қадамҳои нахустинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нобудшавии давлат ва миллат рӯбарӯ омад, ниёз ба шахсияти наҷотбахш ва тавоно ба миён омад. Ва ин шахс Эмомалӣ Раҳмон аст. Агар шуҷоату мардонагӣ ва ҷуръати сиёсии Эмомалӣ Раҳмон намебуд, аз даст додани истиқлолияти давлатӣ як амри воқеӣ буд.

Алҳол бо қаҳрамониву ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик аз ин вартаи ҳалокат раҳоӣ ёфта, имрӯз ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувори худро гузошта истодааст.  Имрӯз халқи тоҷик дӯст  аз душман фарқ карда метавонад ва дигар фирефтаи хоинон нахоҳанд гашт.

Мо, омӯзгорон, олимони ҷавон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки донишҷӯёнро дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯсти ва ҳуввияти  миллӣ тарбия намуда, андешаҳои худро дар чанд нукта ҷамъбаст менамоем:

1.Он чи ки шумоён, душманони миллати тоҷик аз хориҷа истода нисбати сиёсати давлати тоҷикон тӯҳмат мекунед, ба он монанд аст, ки “Саг меҷакаду корвон меравад” Шумоён худатон дар солҳои 90-ум боиси ҷанги шаҳрвандӣ гашта будед. Шукрона, ки давлати қонунии мо аз нав эҳё шуда ба қуллаҳои рушд расида истодааст.

  1. Халқи тоҷик имрӯз медонад, ки кӣ дӯст асту, ки душман.

Он чӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ нисбати сиёсати имрӯзаи давлати тоҷикон нашр мешавад, ҳамааш бӯҳтон аст.

  1. Мо медонем, ки аксарияти онҳо ҳамон шахсоне мебошанд, ки дар солҳои 90-ум аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳои заруриро гирифта, ҳамчун зархаридони хоин Тоҷиистони азизи моро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида буданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *