ОЗМУН ҶАМЪБАСТ ШУД

18 ноябри соли 2020 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бахшида ба ҷашни 700-солагии Камоли Хуҷандӣ озмуни камолхонӣ таҳти унвони “…БА САД ҚАРН НАЁБАНД КАМОЛ” баргузор шуд.

Озмун бо мақсади баланд бардоштани қобилияти эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, такмили захираи луғавӣ, пос доштани хотираи нек ва гиромидошти мероси адабии Камоли Хуҷандӣ баргузор гардид. Дар он 10 нафар донишҷӯёне, ки аз озмуни сатҳи факултетӣ гузашта, барои иштирок дар озмуни донишкадавӣ роҳхат гирифтаанд, қувваозмоӣ намуданд.

Озмун аз рӯи чаҳор номгӯ (номинатсия) баргузор гардид:

  • Қироати ифоданоки ғазал аз ашъори Камоли Хуҷандӣ. (Дар ин шарт иштирокчиён ғазалеро аз ашъори Камол қироат намуданд. Тарзи хониши ифоданок ва қиёфасозӣ ба назар гирифта шуд).
  • Луғатдонии донишҷӯён аз ашъори Камоли Хуҷандӣ. (Дар шарти дуввум ба ҳар як довталаб 15 адад луғат аз ашъори шоир пешниҳод гардид, ки онҳо дар муддати 5 дақиқа маънои луғатҳоро хаттӣ манзур намуданд).
  • Шумораи ҳифзкардаи ғазалҳои донишҷӯён аз ашъори Камол. (Дар шарти сеюм иштирокчиён ғазалҳои ҳифзкардаи худро қироат намуданд).
  • Донистани ҳаёт ва фаъолияти Камоли Хуҷандӣ. (Дар шарти мазкур ба донишҷӯён ду савол пешкаш карда шуд, ки онҳо ҳамоно ҷавоб доданд).

Ғолибони давраи сеюми озмуни мазкур бо шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм сарфароз гардиданд.

Озмун бевосита бо дастгирии молиявӣ ва сарпарастии ДИС ДДТТ ва Бонки тиҷоратии “Арванд” баргузор шуд. Аз рӯи натиҷаи он шоҳҷоиза ва тӯҳфаи хотиравӣ – телефони мобилии навтарини намуди Galaxi A-11, ки аз тарафи Бонки тиҷоратии “Арванд” тақдим гардид, насиби донишҷӯи соли якуми гурӯҳи англисии ихтисоси 25010407 – молия ва қарз Давронзода Манижабону, дипломи дараҷаи 1 ва маблағи пулӣ ба миқдори 300 (сесад) сомонӣ насиби донишҷӯи курси 1 гурӯҳи англисии ихтисоси 250103 – иқтисодиёти ҷаҳон Шомирзозода Фаромӯз, дипломи дараҷаи 2 ва маблағи пулӣ ба миқдори 200 (дусад) сомонӣ насиби донишҷӯи курси 1 гурӯҳи англисии ихтисоси 250103 – иқтисодиёти ҷаҳон Сангинова Аниса, дипломи дараҷаи 3 ва маблағи пулӣ ба миқдори 100 (сад) сомонӣ насиби донишҷӯи курси 1 гурӯҳи тоҷикии ихтисоси 250108 – баҳисобгирии бухгалтерӣ Мақсудова Маҳфуза гардид.

Боқимонда иштирокчиёни фаъол бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар озмун ба ҳайси ҳакамон ширкат варзида, ба тамоми иштирокчиёни озмун Сипосномаи Раиси Раёсатро тақдим намуд. Илова ба ин, директори Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” Баҳроми Раҳматзод ҳамчун раиси ҳакамон ба ҳамаи иштирокчиён китобҳои навтарин тӯҳфа кард.

Воқеан, ба ҳайати ҳакамон, ҳамчунин, Замира Мансурова, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, Истамбону Расулова, сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилоят, Илҳомҷон Туробов, мутахассиси Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” шомил буданд.

Ҳамин тавр, озмун бо омодагии пухта ва дар сатҳи баланд анҷом пазируфт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *